Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори иҷрояи Шурои соҳибкорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва роҳбарони ширкатҳои амрикоӣ, аз ҷумла «Medtronic», «Thomas Greg & Sons Limited», «GE Vernova», «Visa», «White & Case LLP», «Unitex», «FLS» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот муовини аввали Сарвазири мамлакат доир ба ислоҳоти амалинамудаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши молиявӣ ва хусусӣ сухан намуд.
Баъд аз муаррифии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷониби ширкатҳои амрикоӣ доир ба фаъолияти кунунии онҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бахши хусусии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Дар доираи вохӯрӣ мулоқоти алоҳидаи роҳбарони ширкатҳои амрикоӣ бо вазирони саноат ва технологияҳои нав, адлия, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, муовинони якуми вазирони молия ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Бонки миллӣ, муовини сардори Саридораи геология ва муовини Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тибқи тавофуқҳои ҳосилшуда, дар доираи сафари ҳайат баимзорасонии як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, молия, рақамикунонӣ дар назар дошта шудааст.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






