Дар Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад

Июнь 19, 2024 14:26

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағҳои беруна амалӣ мегардад, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ зиёда аз 974,6 миллион доллар маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳолатҳои фавқулода ва сайёҳӣ равона шудааст. Ин матлаб 18 июн дар вилояти Хатлон зимни баргузории ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, ки таҳти раёсати Раиси вилоят Давлаталӣ Саид доир шуд, баён гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳаҳо, муайян кардани афзалиятҳои минбаъдаи рушд ва ҷалби таваҷҷуҳи шарикони рушд ҷиҳати зиёд намудани маблағҳо барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии мамлакат мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои сатҳи маҳаллӣ, аз ҷумла татбиқи бомароми Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 тамоюли мусбати рушд ишондиҳандаҳои минтақавиро нигоҳ дошт.

Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), Бонки олмонии рушд, Фонди саудии рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон ва татбиқи барномаҳои сатҳи маҳал хеле назаррас мебошад.

Раиси вилоят аз шарикони рушд даъват намуд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи рушди устувор саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани афзалиятҳои минбаъдаи рушди вилоят бештар намоянд.

Инчунин дар ҷаласа роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имайи Сэйдзу, муовини роҳбари Намояндагии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (USAID) Ковин Дин, ҳамоҳангсози домии Созмони Миллали Мутаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон (ADB) Шенни Кэмпбелл ва дигарон баромад намуда, омодагии шарикони рушдро ҷиҳати дастгирии ҳадафу афзалиятҳо баён карданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 19, 2024 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд