ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе, Кӯлоб ва Ховалинг ба 2200 ниёзманд кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ёрмандӣ ба қишри ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» ба 2200 ятим, маъюб ва ниёзманд дар ҳаҷми 6600 килограм гӯшт кумак расонида шуд.
Аз ҷумла, дар доираи ин дастуру супоришҳо дар пойтахти мамлакат 1000 нафар аз ин кумак бархӯрдор гардид.
Дар ин замина кумаки мазкур ба 460 нафар дар Кӯлоб ва 740 нафар дар Ховалинг низ дастрас карда шуд.
Чунин амали инсонпарварона ва наҷиб дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамеша барои дастгирии онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.



Бояд гуфт, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» 13 июли соли 2016 ба фаъолият оғоз намудааст. Ин ташкилот тақрибан ҳамасола ба ҳазорҳо хонаводаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ кумак мерасонад.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» Ҷамшед Сафаров гуфт, ки соли 2023 ташкилот ба 1700 оилаи ниёзманди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, шаҳри Ваҳдат маводи ғизоӣ тақсим намуд, ки дар маҷмуъ 45 тоннаро ташкил дод.
«Соли 2024 ба 1016 оилаи ниёзманд маводи ғизоӣ расонида шуд. Инчунин ба хона-интернатҳои шаҳри Кӯлоб, Восеъ, Сангвор, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе кумак расонида, дастархони идона ороста намуданд», — гуфт ӯ.
Таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Ҷамшед Сафаров пайваста саҳми муносиби худро дар ободонию созандагӣ, кумак намудан ба ятимону барҷомондагон ва шахсони имконияташон маҳдуд мегузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






