Дар Суғд нахустин фестивали «СУҒД-КЛИМАТ-FEST» баргузор гардид

Июнь 2, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 02.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вобаста ба раванд ва мушкилоти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаҳои гуногун нахустин фестивали «СУҒД–КЛИМАТ–FEST» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон.

Ҳадафи баргузории фестивал баланд бардоштани сатҳи фаҳмиш ва огоҳии аҳолӣ дар сатҳи минтақа ва дигар масъулон оид ба хатарҳои тағйирёбии иқлим, роҳҳо ва раванди мутобиқшавӣ ба тағйиёбии иқлим мебошад.

Дар оғози фестивал намоиши ихтироот ва молу маҳсулоти гуногун вобаста ба сарфаи энергия ва об, соҳаи кишоварзӣ ва дигар мавзуъҳои алоқаманд баргузор гардид. Сипас, конференсияи илмӣ-амалӣ бо ҳузури олимон, мутахассисон ва коршиносони соҳа баргузор карда шуд.

Ба иштирокдорони фестивал намояндагони Агентии обуҳавошиносӣ дар вилояти Суғд оид ба фаъолияти агентӣ ва корҳои таҳқиқотии вобаста ба тағйирёбии иқлим, шарҳи хатарҳои иқлимӣ, таъсири онҳо дар сатҳи экосистемаҳои минтақа маълумоти ҷолибу муфид пешниҳод карданд. Ҳамчунин оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими иқтидори аҳолӣ нисбат ба тадбирҳои ҳамгироии мутобиқшавӣ маълумоти зарурӣ дода шуд.

Дар фестивал натиҷаи озмуни лоиҳаҳои амалӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва идоракунии оқилонаи муҳити зист ҷамъбаст гардид. Ҳайати ҳакамон аз 22 лоиҳаи ба озмун пешниҳодгардида 4 лоиҳаи беҳтарини олимону мутахассисони ҷавонро ғолиб донистанд.

Иштирокдорон ва меҳмонон ба сатҳи баргузории фестивал баҳои баланд дода, онро лоиҳаи муваффақу муфид донистанд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки фестивал ба таври анъанавӣ ҳар сол баргузор карда мешавад.

Фестивал аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ташкилоти чамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи мухити зист» ва дигар сохторҳои тиҷоратии вилоят баргузор карда шуд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Июнь 2, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад