Дар Тоҷикистон 11 стратегияву, консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон 11 стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегарданд, ки ба рушд ва ислоҳоти соҳа равона гардидаанд. Дар ин хусус 25 июн зимни баргузории ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024, ки дар Вазорати маориф ва илми мамлакат баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Муовини сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, иброз намуд, ки тайёр намудани мутахассисони варзида, баланд бардоштани сифати таҳсилот, амалӣ намудани стратегияву консепсияҳо дар ин самт барои вусъат бахшидани маорифи миллӣ омили таъсиррасон мебошад.
Сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода дар мавзуи «Сифати таҳсилот, мушкилот ва роҳҳои баланд бардоштани он дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ» маъруза намуда, аз ҷумла гуфт, ки «баланд шудани сифати таҳсилот дар ин зина барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат хеле муҳим аст».
Дар ҷараёни ҷаласа гуфта шуд, ки Шурои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 доир баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, иҷрои саривақтии стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатиро фаро гирифта, барои рушди маорифи миллӣ як омили таъсиргузор ба ҳисоб меравад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






