ЭКСПО ЧИН-АВРУОСИЁ. Дар 8-умин намоишгоҳи байналмилалӣ гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шуд

Июнь 28, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин 8-умин Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО Чин-Авруосиё оғоз гардид, ки дар он гӯшаи Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гӯшаи Тоҷикистон дар масоҳати зиёда аз 80 метри мураббаъ ташкил шуда, дар он маҳсулоти ватанӣ, аз қабили меваҳои тару тоза, хушкмеваҳо, асал, обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти спиртӣ, қаннодӣ, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ аз сангҳои нимқимматнок ва маводҳои таблиғотӣ дар самти сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои ватании «Оби Сиёма», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зардолу ва компания», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Зулол», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Амирӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асрори санг» ба маърази тамошо гузошта шуданд.


Гӯшаи Тоҷикистон бо тарҳу услуби хос ва нақшу нигораҳои миллӣ таҳия шуда, дар атрофи он аксҳо аз табиати зебоманзари Тоҷикистон ва либосҳои миллӣ ҷойгир гардидааст.

Аз ҷониби мизбони чорабинӣ ва меҳмонон ба гӯшаи Тоҷикистон баҳои баланд дода шуда, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. 8-умин Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО Чин-Авруосиё то 30-юми июн идома меёбад.

 

АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 28, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст