ФОРУМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНҲОИ ҲАВЗАВӢ. Он заминаи хуб барои баланд бардоштани сатҳи касбии ҳавзаҳо аст

Июнь 11, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ доир гардид. Форум имкон дод, ки кишварҳои иштирокчӣ доир ба таҷрибаи худ дар идоракунии захираҳои об, бахусус гузаштан аз идоракунии маъмурӣ ба идоракунии ҳавзавӣ ва дигар паҳлуҳои масъала рӯнамоиҳо пешниҳод намуда, табодули назар намоянд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ислоҳоти соҳаи об 5 ҳавзаи дарёҳо, аз ҷумла, ҳавзаи дарёи Сир, ҳавзаи дарёи  Зарафшон, ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, ҳавзаи дарёи Вахш ва ҳавзаи дарёи Панҷ ташкил карда шудаанд.

«Форуме, ки вобаста ба созмонҳои ҳавзавӣ дар пойтахти мамлакат доир гардид, заминаи хубе аст барои баланд бардоштани сатҳи касбии ҳавзаҳо, зеро дар он намояндагони дигар кишварҳо  аз таҷрибаи худ доир ба ташкили идоракунии захираҳои ҳамгироёнаи об дар кишварҳояшон сухан гуфтанд», – изҳор дошт зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии дарёи Вахш Сироҷиддин Кароматов.

Форуми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ, ки дар  доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» баргузор гардид, барои баланд бардоштани иқтидори ҳавзаҳои дарёҳои дар ҳудуди  Тоҷикистон  мавҷуда имкони хуб фароҳам меоварад.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи Форуми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ, пешбурди принсипҳои ҳамгироии идоракунии захираҳои обӣ ва рушди ҳамкорӣ байни намудҳо ва миқёсҳои гуногуни ташкилоти идоракунии ҳавза мебошад. Форум платформаи нодири минтақавӣ фароҳам меорад, ки дар он сохторҳои идоракунии ҳавзаҳо, шуроҳо ва ташкилоти давлатӣ метавонанд мубодилаи таҷриба намуда, дастҷамъона қадамҳо ва самтҳоро барои таҳкими идоракунии ҳавзаҳо дар минтақа муайян кунанд.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар» 

Июнь 11, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд