ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»

Июнь 16, 2024 11:36

ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар доираи «Раванди оби Душанбе» давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавиро водор месозад, ки барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии об муттаҳид гардида, ҳамкориро тақвият диҳанд»,- чунин иброз намуд дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори генералии Департаменти банақшагирӣ ва назорати Вазорати захираҳои оби Ҷумҳурии Ироқ Ҳотам Ҳусейн, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Душанбе иштирок намуд.

Ҳотам Ҳусейн афзуд, ки ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо муҳим ва саривақтӣ буда, аз сӯи ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардидаанд.

Ба андешаи ман,- гуфт Ҳотам Ҳусейн,- ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар шароити феълӣ ҳамкории густурдаро тақозо менамояд ва инчунин давлатҳо бояд уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ин масъала иҷро намоянд. Зеро солҳои охир дар раванди тағйирёбии иқлим ҳодисаҳои табиии марбут ба обу иқлим-обхезиҳои шадид, сӯхтори ҷангалзор, омадани сел, фаромадани ярч, камборишӣ, гармии аз меъёр зиёд, обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва ғайра дар гӯшаю канори сайёра рух медиҳанд, ки ба иқтисоди давлатҳо хисороти зиёди молӣ ва инчунин ҷонӣ ворид менамоянд.

Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси оби Душанбе таъкид намуданд, ки «давоми чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи асосии ташаккули то 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, 1000-тоаш пурра об шудааст. Ҷонибдории ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан Созмони Милали Муттаҳид бозгӯи нақши фаъол ва калидии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, ки аз нуқтаи назари ман барои давлати Тоҷикистон шарафи бузург аст. Инчунин Тоҷикистон бо назардошти он ки дорои захираҳои бойи обӣ аст, ба мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе ҳамчун майдони муколамаи фарох дар ҳалли масъалаҳои маруб ба обу иқлим нақши муҳим хоҳад дошт.

Директори генералии Департаменти банақшагирӣ ва назорати Вазорати захираҳои оби Ҷумҳурии Ироқ Ҳотам Ҳусейн дар мавриди таассуроташ аз сафар ба Тоҷикистон гуфт, ки «ин сафари дуюми ман ба Тоҷикистон мебошад ва хеле таасуроти нек бардоштам. Соли 2022 барои иштирок дар Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон будам.

«Бо гузашти ду сол ман мушоҳида намудам, ки дар Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал омадааст, хусусан дар пойтахти он- шаҳри Душанбе. Воқеан Душанбе ба шаҳри хеле зебову замонавӣ табдил гардидааст, биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар марказҳои бузурги савдою хизматрасонӣ қомат афрохтаанд, дар шоҳроҳои Душанбе электромобилҳо ҳаракат менамоянд, ки аз тадбирҳои Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди «сабз» ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад. Инчунин гулҳои рангоранг, буттаю дарахтони ороишию сояафкан кӯчаю хиёбонҳои Душанберо сарсабзу хуррам намудаанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сатҳи баланд иброз намуданд, «нияти мо то соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон аст ва «Барномаи кабудизоркунии табиати кишварро то соли 2040» қабул намудем», ки дар мавриди татбиқи ин тарҳ ду миллиард ниҳол шинонида шавад»,-афзуд ӯ.

Ба андешаи мусоҳиби мо, «дар оянда бо татбиқи ин тарҳ Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои аз лиҳози экологӣ тоза дар минтақа ва пойтахти он- Душанбе ба шаҳри сабз мубаддал мегарданд. Инчунин мушоҳида намудам, ки сарзамини Тоҷикистон дорои иқтидори бойи обию энергетикӣ ва сайёҳӣ мебошад. Ман зимни саёҳат ба дараи Сиёма ва Маҷмааи варзишию сайёҳии «Сафеддара» аз зебоиҳои нотакрори манзараҳои табиати ин мавзеъҳои Тоҷикистон, ки хеле тасхиркунанда ҳастанд, ба ваҷд омадам. Аз ин рӯ, гуфтаниям, ки Тоҷикистон имкон дорад дар оянда ҳамчун давлати сайёҳӣ, хусусан дар самти сайёҳии обию кӯҳнавардӣ ва экологӣ муваффақ гардида, иқтисодаш ҳам тақвият ёфта, пешрафт намояд».

«Набояд як нуктаро фаромӯш намоем, ки тамоми мавҷудоти дунё аз об маншаъ мегиранд, об асоси ҳаёт ва омили муҳими пешрафту шукуфоии ҳар давлат ва дар маҷмуъ сайёра мебошад. Аз ин рӯ муносибати оқилона бо табиат ва захираҳои обӣ дар раванди тағйирёбии иқлим аз ҳар шахс масъулияти баланд тақозо менамояд»,- гуфт дар анҷом Ҳотам Ҳусейн.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 16, 2024 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бразилия барномаҳои Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муаррифӣ карда шуданд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
COP 30 ба платформаи калидии музокирот оид ба иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ табдил ёфтааст
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар вохӯриҳои канории СОР-30 ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон — аввалин роҳбари сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистон, ки ба низоми президентӣ маънои миллӣ бахшиданд
Дар Ҳафтаи байналмилалии оби Корея аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба обу иқлим ёдовар шуданд
Дар Душанбе Маркази дипломатияи об ифтитоҳ гардид
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар