Имконияти сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҷриба ва имконияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар раванди татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» метавонад васеъ истифода гардад. Дар ин хусус зимни вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ширкатҳои аъзои Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои сайёҳӣ, энергетика, бонкдорӣ, технологияҳои муосири рақамӣ ва инноватсия баррасӣ ва муҳим арзёбӣ гардиданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба ҷалби сармоягузориҳо ва технологияҳои дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт истифодашавандаи ҷониби америкоӣ ҳавасмандӣ изҳор намуда, ҳамзамон ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории бахши хусусии ду давлат, хусусан дар ташкили корхонаҳои муштаракро таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон шароити мусоиди рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳайё буда, ҷиҳати соддагардонии равандҳои иқтисодӣ тадбирҳои мунтазам роҳандозӣ шуда истодаанд ва қонунгузории мамлакат барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ ҳуқуқҳои баробар пешбинӣ намудааст.
Дар анҷоми вохӯрии мазкур барои боз ҳам тақвият бахшидани ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судманд ва дар доираи тартиби муқаррагардида ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок бо ҷониби амрикоӣ омодагӣ баён карда шуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






