ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Маъруфҷон»-и Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат аз як замин чанд ҳосил мерӯёнанд
ВАҲДАТ, 09.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Маъруфҷон» дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат қарор дошта, дорои 9 гектар замини корами обӣ ва 2 гектар замини корами лалмӣ мебошад.
Алӣ Уроқов ба ҳайси деҳқони ботаҷриба дар ин хоҷагии деҳқонӣ кор мекунад. Ӯ гуфт, ки замини хоҷагӣ дар шафати роҳи ҷумҳуриявии Ваҳдат-Ромит қарор дорад, аз ин рӯ кишт намудани бодиринг, помидор, пиёз ва дигар маҳсулоти барвақтӣ фоидаи хуб меорад. Дар айни замон дар заминҳои хоҷагии деҳконии «Маъруфҷон» дар як гектар пиёз, дар 50 садяк помидор, дар 50 садяк картошка ва дар заминҳои боқимонда гандум кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар 2 гектар замини корами лалмии хоҷагӣ боғ бунёд карда шудааст, ки дар байни қаторҳои он помидор кишт шудааст.
Алӣ Уроқов иброз дошт, ки «мо дар баробари кишти помидор дар байни қаторҳои он барои намнокии заминро нигоҳ доштан ҷуворимакка коридем. Ҳамчунин дар қисматҳои холии замини помидор имрӯзҳо бодиринг кишт дорем. Пас аз ҷамъоварии гандум боз кишти васеи ҷуворимакка ва дигар намуди сабзавотро мегузаронем».
Деҳқони ботаҷриба Алӣ Уроқов иброз намуд, ки «мутаассифона, имсол бориши зиёд барои гирифтани ҳосили зиёд таъсири бад расонд. Вале мо ба ин нигоҳ накарда, кӯшиш дорем, ки ҳамаи қоидаҳои агротехникиро риоя намуда, ҳосили баланд гирифта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузорем».
Тибқи иттилои муовини раиси Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон Эмомалӣ Шаропов, дар ҳудуди ҷамоат 878 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз ин 197 гектарро замини корами лалмӣ, 122 гектарро заминҳои боғ ва 478 гектарро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд ва онҳо дар истифодаи 618 хоҷагии деҳқонӣ қарор доранд.
Ҳамчунин сокинони ҷамоат имсол дар майдони 81 гектар замини президентӣ ва 234 гектар замини наздиҳавлигӣ зироати гуногун кишт намуданд, ки он таҳти назорати доимии кормандони ҷамоат қарор дорад.
Бояд гуфт, ки заминҳои ҳудуди ҷамоат самаранок истифода мешаванд. Хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат дурнамои кишти ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзиро пурра иҷро намуда, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






