Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти милитсияи пойтахт иштирок намуданд.
Сардори мақомоти милитсияи пойтахт таъкид намуд, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, садоқатмандӣ ба халқу миллат ва сулҳхоҳии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки моҷароҷуӣ ва нофаҳмоиҳо дар кишвар хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шуд. Миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва сулҳу ваҳдат пойдор аст.
Як қатор кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе вобаста ба талошу ҷоннисориҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан ва муҳиммияти ваҳдату ҳамдилӣ сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки мо — тоҷикону тоҷикистониён, махсусан кормандони мақомоти милитсия бояд дар атрофи Сарвари дурандеши худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар партави дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хизмати софдилонаю содиқона ва дасту дили пок Ватан ва пойтахти кишварро обод гардонем. Зеро таъмини амнияту суботи сокинону меҳмонон ва шаҳрвандони хориҷию сайёҳон аз заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсияи пойтахт вобастагии калон дорад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе










Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






