МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу камхуниро бартараф месозад

Июнь 16, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар шумо хотирпарешон,  камхун ҳастед ва ё аз фаъолияти ғадуди зери меъда шикоят доред, пас меваи тару тозаи зардолуро истеъмол намоед. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Ба гуфти мутахассисон, зардолу дорои қандҳо, инсулин, лимӯ, витаминҳои гурӯҳи B, C, H, E, P, провитамини А, оҳан ва ғайраҳо мебошад. Истеъмоли  зардолу гемоглобинро дар хун зиёд мекунад, ба раванди гемопоэз таъсири муфид мерасонанд, ки ин барои гирифторони камхунӣ хеле муҳим аст. Мавҷудияти миқдори зиёди оҳан дар камхунӣ, бемориҳои системаи дилу раг ва ғайра, ки ба рушди норасоии калий ҳамроҳ  мебошанд, нақши муҳим дорад. Инчунин он аз ҳисоби миқдори зиёди фосфор ва магний фаъолияти зеҳниро афзун ва хотираро беҳтар мекунад. Дар зардолу инчунин пектин мавҷуд аст, ки метавонад маҳсулоти заҳрноки мубодилаи моддаҳо ва холестиринро аз бадан хориҷ кунад.

Яке аз ҷиҳати фоидаовари зардолу он аст, ки фаъолияти ғадуди зери меъдаро ба эътидол меорад, аз ин рӯ, фаъолияти ҷигар ва заҳра беҳтар мешавад.

Агар меваи тару тозаи он ба инсон фоидаовар бошад, мувофиқ ба фармудаи тибби халқӣ вақти гирифтор шудан ба бемориҳои дил, душвории нафаскашӣ ва роҳи нафас аз мағзи зардолу чой дам карда нӯшидан манфиат дорад. Мағзи зардолу дар қатори доруҳои дигар кушояндаи роҳҳои нафас ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки ин мева чӣ дар шакли тару тоза буданаш ва чӣ хушкаш фоидаовар дониста мешавад. Табибон ба занҳои ҳомиладор, инчунин он модароне, ки нав тифл ба дунё овардаанд, мунтазам хӯрдани зардолуи хушкро тавсия медиҳанд.

Зоҳиран мизоҷи зардолуи ширин гармтар мебошад. Хӯрдани зардолуи ширин, агар дар меъда вайрон нагардад, барои одамони гарммизоҷ форам аст, бӯйи бади даҳанро дафъ мекунад. Зардолуро дар об ҷӯшонида ё хушкашро як шабонарӯз дар об тар намуда, он обро бинӯшанд, моддаи сафроро бо исҳол дафъ ва дарунро мулоим мекунад, ташнагиро таскин медиҳад, фишор ва ҷӯшиши баланди хун ва сафроро паст мегардонад, тафси меъдаро сокин мекунад, оруғро дафъ месозад.

Дар баробари фоидаоварӣ истеъмоли бештари зардолу низ зарар дорад. Табибон мегӯянд, ки аз болои зардолу оби хунук, ях ва барф ва ё онро аз болои таоми душворҳазм хӯрдан бағоят зарарнок аст. Зардолуро ба дили наҳор хӯрдан бисёр бад аст. Агар зардолуро бардавом бихӯранд, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад.

Бояд гуфт, ки аз дони он равған низ омода месозанд. Равғани мағзи талхи онро ба қадри 4,5 грамм биёшоманд, кирмҳои меъдаро кушта, ба воситаи исҳол башиддат дафъ мекунад, варамҳои маъқадро таҳлил медиҳад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, барои исҳол, ки аз хунукӣ бошад, даво мешавад. Беҳуда нагуфтаанд:

Неруи дили хаста бувад зардолу,
Доруи дами баста бувад зардолу.
Аз хушку тараш на кам, на бисёр хӯред,
Аз шарбати он ба ҷисми нофор хӯред.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 16, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид