Мавсума Муинӣ: «Ташаббусҳои ҷаҳониии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ҳамовозии бештар пайдо менамоянд»

Июнь 10, 2024 20:42

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Форуми имрӯза тавсеаи ҳамкорӣ барои истифодаи оқилонаи об бо назардошти пешоҳангии ҷониби Тоҷикистон, бахусус ташаббуси ҷаҳониии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим ва татбиқи самараноки сисолаи амали барномаи байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд, ки бо сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ба шумор меравад. Ҳушҳолем, ки ташаббусҳои ҷаҳониии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим ҳамовозии бештар пайдо намуда, пешсафии мамлакати мо дар ин самт бештар эътирофи ҷаҳониён мегардад. Чунин изҳори назар намуд муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар Форуми байналмилалии парлумонии «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон», ки имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавсума Муинӣ таъкид намуд, ки ҳадафи форум, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳо барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани мавзуи мавриди назар мебошад.

Номбурда афзуд, ки дар асоси рӯзномаи конфронс оид ба аҳолӣ ва рушд мо бояд раванди ба ҳам овардани тамоми захираҳо ва кӯшишҳои заруриро барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумии дар барномаи амал муайяншуда роҷеъ ба мушкилоти демографӣ, тағйирёбии иқлим, амнияти об ва озуқа ва инчунин тавсеаи дастрасӣ ба энергияи барқароршаванда равон намоем.

“Мо, ки дар остонаи 30-солагии барномаи амали Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд қарор дорем, метавонем онро ҳамчун ҳуҷҷати заминагузор ва воқеан муҳим дар таърихи ҳуқуқи башар барои ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми доираи масъалаҳои аҳолӣ, ноил шудан ба рушди аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, тандурустӣ, маориф ва муҳити зист унвон намоем”,- илова кард мавсуф.

Мавсума Муинӣ изҳори итминон намуд, ки муколама ва мубоҳисаҳои судманд дар доираи ин чорабиниҳо ба таҳияи Харитаи роҳ барои солҳои оянда мусоидат намуда, барои таҳияи уҳдадорииҳои муштараки ҷониибҳо баҳри сабти он дар рӯзномаи ҳамоиши оянда ҳамчун саҳми муносиби мо хизмат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки форум бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши фаъол доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи парлумонҳои ҷаҳонӣ, алалхусус минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» амалӣ гардид.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Ассотсиатсияи аҳолӣ ва рушди Осиё (APDA) ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатии муқими Душанбе, ташкилоти байналмилалӣ, ҷавонони ташаббускор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва воситаҳои ахбори иштирок доранд.

Дар форум вакилони парлумонҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малайзия, Арманистон, Австрия, Босния ва Герсеговина, Молдова, Непал, Руминия ва намояндагони минтақавию кишварии ниҳодҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 20:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият