«МегаФон Life» зангҳо ва паёмакҳои ройгон пешниҳод мекунад

Июнь 10, 2024 13:22

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои занг задан  ба хона бо арзиши    тадриҷан пасттар замимаи мобилии «MeгаФон Life», ки  нархномаҳои маъмулии роумингӣ насб шудааст, имконият медиҳад.  Агар зангро дар Тоҷикистон муштарие қабул кунад, ки аз ин замима истифода мебарад, пас  гуфтугӯ ройгон хоҳад буд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин ширкат.

Иттилоъ дода шуд, ки барои зангҳои  ройгон ба муштарии ширкат танҳо зарур аст, ки дар телефонии худ «MeгаФон  Life»-ро  боргирӣ ва фаъол намояд.  Суҳбат бо дигар  истифодабарандаи замима,  новобаста аз давомнокӣ ройгон мешавад.

Муштариён  метавонанд аз саҳифаи асосӣ ба воситаи қисми «Боз ҳам» ба сатри «Зангҳо ба Life» гузаранд. Барои фаъолкунии  функсия бояд аломати даврача  пахш карда шавад.   Он  имкон медиҳад, ки зангҳои воридотӣ дар хориҷа дар рақами тоҷикистонии худ қабул карда шаванд, ба шарте ки дастгоҳи мобилӣ дар интернет, аз ҷумла тавассути Wi-Fi  қарор дошта бошад. Паёмакҳои матние, ки истифодабарандагони замима дар қисми «Паёмрасон» ба якдигар мефиристанд, низ ройгон хоҳанд буд.

Зангҳо аз замимаи «МегаФон Life» ба шабакаҳои муқаррарии мобилӣ низ хеле муфид, бо нархи  20 дирам барои  як дақиқа анҷом меёбанд.   Тугмаи «Зангҳо» дар қисми поёни саҳифаи асосӣ ҷойгир аст,тавассути он метавонед тамосро интихоб карда,  тугмаи «Даъват»-ро фаъол кунед. Муҳим он аст, ки замимаи «MeгаФон  Life дар рақами муштарии анҷомдиҳандаи занг пайваст гардида бошад. Дар ин сурат ӯ аз мамлакати дигар, масалан аз Русия бо ҳамон нархҳое, ки дар Тоҷикистон амал мекунанд, занг мезанад.

Тарофаи оптималӣ барои онҳое, ки дар хориҷи мамлакат мебошанд, «Биё! Life»  маҳсуб ёфта, он  зангҳои муфидро ба шабакаҳои мобилии Тоҷикистон  дар бар мегирад. Ба бастаи хизматрасониҳо зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон», 100 дақиқа барои зангҳо ба дигар операторони кишвар ва 100 смс  дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил мешаванд.   Агар ҳаҷми дақиқаҳо ба шабакаҳои дигар пурра истифода шавад, аз дақиқаи 101-ум зангҳо дар як дақиқа 20 дирамро ташкил медиҳанд. Нархи тарофа дар як моҳ ҳамагӣ 29,54 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба  арзиши муошират дар роуминг бо нархҳои асосӣ чандин маротиба арзонтар аст.  «Биё! Life»-ро метавонед мустақилона тариқи замимаи «МегаФонLife» дар қисми «Тарофаҳо» пайваст кунед. Ба он аз саҳифаи асосии замима бо пахши  сатри  «Тарофаи ман» — «Дастрас» гузаштан мумкин аст.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 10, 2024 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид