Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ ва деҳоти Ҳисор шинос шуд

Июнь 6, 2024 18:32

ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, ки ҳамзамон роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор мебошад, дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ба Ҷамоати деҳоти дурдасти Алмосӣ, Хонақоҳи Кӯҳӣ ва деҳоти Ҳисор рафта, бо раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ин ҷашни миллӣ шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Муовини Сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор дар деҳаи Латтахораки Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бо Маҷмааи варзишии иборат аз майдони варзишӣ, меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ ва дигар инфрасохтор, ки ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ буда, бо мақсади баргузории бозиҳои байналмилалии футбол бунёд меёбад, шинос шуданд.

Гуфта шуд, ки бо иқдоми Президенти AIBA (Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскор) Умар Кремлёв дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49, деҳаи Чангоб, ки падари варзишгар дар он таҳсил кардааст, чор синфхонаи барҳавои замонавӣ, аз ҷумла синфи компютерӣ бо тамоми таҷҳизот бунёд меёбад.

Муовини Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмон, санҷиш ва имтиҳонҳои хатмкунии хонандагони синфҳои 6-11 низ шинос гардида, хонандагон, бахусус духтаронро ба таҳсилу касбомӯзӣ ҳидоят намуд.

Дар идомаи сафари корӣ муовини Сарвазири мамлакат ба лагери истироҳатии «Чангоб» омада, бо шароити лагер -хобгоҳ, ошхона, варзишгоҳи он шинос шуд.

Гуфта шуд, ки барои таҳкими дӯстӣ байни хонандагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба лагер аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯдакону наврасонро бештар ҷалб намоянд.

Дилрабо Мансурӣ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳаи Ҳофизкада рафта, бо ҷараёни имтиҳонсупории хатмкунандагони синфи 11-ум шинос гардид ва бо онҳо оид ба касбҳои интихобнамудаашон суҳбат намуд.

Инчунин ба сокини ҳамин деҳа Файзиддин Файзов, ки маъюб аст, аробачаи маъюбӣ ва кумаки моддӣ расонида шуд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳр дар хоҷагии «50-солагии Октябр»-и Ҷамоати деҳоти Ҳисор бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пиёз шинос шуда, бо кишоварзон, ки саргарми пиёзчинӣ буданд, бобати шароити кор дар саҳро, музди меҳнат, мушкилот, дигар масъалаҳои зиндагӣ ва сатҳи иҷтимоияшон суҳбат намуд.

Инчунин дар деҳаи Ҳаёти Нави деҳоти Ҳисор бо сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва дар деҳаи Ҷавонони деҳоти Дурбат бо фаъолияти корхонаи таъмири трансформаторҳои барқӣ, ки ҳарду иншоот бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд меёбанд, шинос шуд. Барои иқдоми ватандӯстона ба ҳарду соҳибкор аз номи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор арзи сипос карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 6, 2024 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд