Намояндаи Ҷумҳурии Беларус Ирина Костевич: «Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим буда, дорои иқтидори бузурги рушд аст»

Июнь 12, 2024 15:18

ДУШАНБЕ, 12.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мамлакати офтобӣ, зебову гулпӯше баргузор мешавад, ки дорои иқтидори бузурги рушд аст. Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯби ин рӯзнома корҳоеро анҷом додааст, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бениҳоят арзишманд мебошанд. Яъне пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст», — гуфт Раиси комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Беларус оид ба масъалаҳои меҳнат ва иҷтимоӣ Ирина Костевич дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба гуфтаи Ирина Костевич, ин ҷаласаи сатҳи баланд намояндагони давлатҳо ва бонкҳои байналмилалии рушдро ба ҷалби уҳдадориҳои сатҳи баланди сиёсӣ ва молиявӣ барои амалиёти об ҳамчун амали иқлимӣ ҷамъ овардааст. Ин рӯйдоди муҳиме аст, ки кори 30-соларо тасдиқ мекунад. Аз ҷумла, дар ин маъракаи муҳим коршиносони зиёд аз Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ ҷамъ омадаанд, ки ҳадаф- сабақ гирифтан аз таҷрибаи якдигар дар масъалаи ҳалли мушкилоти обу иқлим мебошад.

Баргузории ин конфронс дар шаҳри Душнбе нишони он аст, ки Тоҷикистон дар ин самт нақши барҷаста дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки дар устувории об ва мутобиқшавӣ ба иқлим масъулияти муштарак эҳсос намоянд. Зеро дар ин ҳамоиш боз ҳам даъват карда мешавад, ки ҳамкории байналмилалӣ, интиқоли технология ва дастгирии молиявӣ афзоиш ёбад, то ҳар давлат, новобаста аз мушкилоти ҷуғрофӣ дорои абзор барои бунёди ҷомеаҳои тобовар ба тағйирёбии об ва иқлим бошад.

Дар доираи ин барнома мо дар бораи кӯдакону ҷавонон ҳарф задем, зеро ояндаи рушди мо аз онҳо вобаста аст. Ҳамзамон дар хусуси занон сухан гуфтем, ки рушди давлат аз ҷиҳати амнияти демографӣ аз онҳо вобаста аст. Зеро тибқи маълумоти коршиносон, баръало маълум аст, ки занон дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бештар аз дигарон аз натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим осеб мебинанд. Дар баробари ин, нуктаи дигар ва он далелро бояд таъкид кард, ки занон инчунин бо қудрат ва қувваи бузурги худ қодир ҳастанд бо хатари афзояндаи офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим пеш меояд, мубориза баранд. Занон дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо назардошти афзоиши шумораи обхезӣ ва хушксолӣ, ки ба зиндагии онҳо таъсир мерасонанд, аллакай дар сафи пеши мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим қарор доранд. Занон ҳамчун истифодабарандагони асосии захираҳои табиӣ ва экологӣ барои пешгирӣ намудани таҳдидҳои афзояндаи табиӣ таҷриба ва донишашонро васеъ истифода мекунанд.

«Умед мебандем, ки ин талошҳо самараи нек медиҳанд ва ояндаи наздик мо шоҳиди он мешавем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадориву амалҳои худро дар самти мубориза бо тағйироти иқлим, чӣ дар қисмати мусоидшавӣ ва чӣ дар қисмати коҳишдиҳӣ, аз ҷумла бо истифодаи аз неруи об суръати тоза мебахшад», — афзуд Ирина Костевич.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд