Ғолибони озмунҳои «Ихтироъкорони ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён» соҳиби ҷоизаҳо шуданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои донишгоҳии “Ихтироъкорони ҷавон” ва “Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён” доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар замони муосир рушди техника ва технология яке аз омилҳои асосии пешравии иқтисодиёти ҳар давлат буда, инноватсия ва навоварӣ мавқеи ҳалкунанда дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф ва илм аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Дар асоси супоришҳои Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаи давлатӣ ва стратегияҳоро амалӣ менамояд. Махсусан, ба ихтироъкорию навоварии ҷавонон, ки насли аз технологияҳои нав бохабар мебошанд, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯзҳо ба иқтисодиёти мамлакат техника ва технологияи муосир ворид карда шуда, корхонаҳои саноатӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намуда, ҳаҷми содиротии ҷумҳуриро зиёд менамоянд.
Ректори донишгоҳ аз дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ ёдовар шуда, иброз дошт, ки аз ин пас он ихтироот ва лоиҳаҳои инноватсионие, ки дар озмунҳо ғолиб меоянд, дар маркази махсуси донишгоҳ боз ҳам такмил дода шуда, барои татбиқ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат равона мегарданд.
Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






