ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад

Июнь 6, 2024 15:52

ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозӣ соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

5 июн дар шаҳри Аммон бо иштироки масъулин – комиссари бозӣ, нозири доварон, кумитаи тадорукоти маҳаллӣ, намояндагони дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон ҷаласа доир гардид, ки дар он ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либосҳои сурх ва мизбонон- тими миллии Урдун бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 6, 2024 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид