Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иштирок ва суханронӣ намуданд

Июнь 11, 2024 11:20

ДУШАНБЕ, 11.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барор орзу намуданд.

Президенти кишвар оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки “мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзӯи бағоят муҳим муттаҳид созем”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои то имрӯз дар ин самт анҷомёфтаро нокифоя дониста, барои дарёфти роҳҳои нави расидан ба ҳадафҳо бо пешниҳодҳо баромад намуданд.

Сарвари давлат бо истифода аз ҳузури коршиносони сатҳи баланд дар конфронс зарур шумурданд, ки дар баробари иҷрои уҳдадориҳои дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид гирифтаи кишварҳову созмонҳои марбута барои амалу иқдомҳои наву таъсирбахш кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи “Раванди оби Душанбе”-ро ба ҳайси платформа барои пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид яке аз уҳдадориҳо дар доираи Рӯзномаи амал дар соҳаи об номида, омодагии Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ин раванд изҳор намуданд.

Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст.

Пешвои миллат изҳор намуданд, ки фаъолияти кишвари мо дар пешбурди масъалаи об дар рӯзномаи глобалии иқлим нуктаи дигари мавриди таваҷҷуҳ мебошад.

Сарвари давлат зикр намуданд, ки мо барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ низ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ кардаем.

Аз ҷумла, барои пурра гузаштан ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар Тоҷикистон “Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025” амалӣ карда мешавад.

Таҳияи “Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2040”, “Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои давраи то соли 2032”, таъсиси низоми ягонаи иттилоотии соҳаи об ва “Барномаи кабудизоркунии табиати кишвар то соли 2040” аз иқдомҳои муҳимми кишвари мо дар самти ҳалли мушкилоти об ва иқлим номида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки барномаву стратегияҳои мо дар ин самт масъалаҳои вобаста ба беҳбуди маданият ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи об ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёриро низ дар бар мегиранд.

“Мо талошҳои худро барои гузаштан ба “иқтисоди сабз” дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд” изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба масъалаи дигари рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намуданд.

Зикр гардид, ки маҳз ба ҳамин хотир, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дастгирии ҳамаҷониба ёфт ва тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ, аз соли оянда сар карда, 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ҷашн гирифта мешавад.

Президенти кишвар дар робита ба ин, зикр карданд, ки Тоҷикистон, яке аз аввалинҳо шуда, ҷиҳати фаъолсозии “Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо”, саҳми молиявии худро гузошт.

“Ба мақсади тақвияти минбаъдаи ин масъалаи муҳим мо якҷо бо шарикони худ тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милалро оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ намоем” таъкид доштанд Сарвари давлат.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои Конфронси имрӯза дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Баъди суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор коршиносони сатҳи баланд, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Узви Раёсати Босния ва Ҳерсеговина Желка Тсвиянович, Президенти Маҷмаи Умумии СММ Денис Френсис, Ноиби якуми Президенти Зимбабве Чивенга Константино, Ноиби Президенти Ангола Эсперанза Дакошта, Ноиби Президенти Замбия Мутале Налуманго, Мудири Кулли ЮНЕСКО Одри Азулай, Президенти Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Паула Нарвез Ойеда, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима, Президенти Бонки Исломии Рушд Муҳаммад Ал-Ҷассер, Муовини Дабири кулли СММ Ли Ҷунхуа, Котиби давлатии Ватикан, Кардинал Пиетро Паролин ва Директори глобалии Таҷрибаи глобалии оби Бонки Ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа сухан гуфта, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим баҳои баланд доданд.

Иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” 11.06.2024

Июнь 11, 2024 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо НБО-и «Норак» шинос шуд
Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ангола Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба «Истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» ҳамоиш баргузор шуд
Президенти Бонки исломии рушд бо унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сарфароз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳаракати аҳолӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳамоиш доир шуд
Таҳкими дурнамои ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баррасӣ шуд