Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 11, 2024 12:30

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд.

“Мо Маҷмаи Умумиро ниҳоди муҳимми Созмони Милал медонем ва нақши онро дар қабули қатъномаҳои ҳаётан муҳим қадр мекунем”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардида, аз ҷонибдории ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар самти обу иқлим ва дастгирӣ аз тадорукоти Конфронси кунунии Душанбе ба раёсати Маҷмаи Умумии созмон изҳори сипос карда шуд.

Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ масоили қабул ва амалисозии барномаҳо, аз қабили “Барқарорсозии эътимод ва эҳёи ҳамбастагии ҷаҳонӣ”, “Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор”, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030”-ро муҳокима намуданд.

Обшавии босуръати пиряхҳо мушкилоти дигар дар раванди тағйирёбии иқлим номида шуда, қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумӣ дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иқдоми саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Бо ибтикори Тоҷикистон қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумӣ оид ба “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” барои рушди соҳаҳои варзиш, аз ҷумла футбол муҳим шумурда шуд.

Мулоқот бо Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Деннис Фрэнсис 11.06.2024

Июнь 11, 2024 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»