РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»

Июнь 13, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мамлакати зебо, Душанбе шаҳри комилан замонавӣ бо мардуми самимӣ аст. Иқлими ин ҷо хеле мусоид аст, обу ҳавои тоза ва одамони олиҷаноб, хушодоб, меҳмоннавозе, ки ҳамеша ба меҳмонон кумак мекунанд. Кӯдакон дар кӯча ба шумо салом мегӯянд, зеро шумо дар ин ҷо меҳмон ҳастед. Чунин баён намуд таассуроташро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» хабарнигор аз давлати Габони Африқо Омва Баблин.

Омва Баблин афзуд, ки боду ҳаво ва табиати зебои Тоҷикистон ба ӯ хеле писанд омадааст. “Ин ҷо бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони бениҳоят дилпазир аст. Дар ин муддати кӯтоҳе, ки дар ин ҷо ҳастам, худро бегона эҳсос намекунам, баръакс худро хеле роҳату амн эҳсос мекунам, зеро мардуми тоҷик хеле меҳрубонанд. Ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки ҳамеша ба ту кумак кунанд, ҳамин аст, ки фикр мекунам бо онҳо чанд сол боз дӯстӣ дорам”, -мегӯяд ӯ.

Тавре Омва Баблин иброз намуд, об ҳаёт аст ва бе об дар ин дунё зиндагӣ аз байн меравад. Мо ҳама дар ин ҷо барои ҳал намудани ин мушкилот ҷамъ омадаем, зеро ин масъаларо бояд дастҷамъона бартараф намоем.

“Ҳоло қариб давлате нест, ки аз оби нӯшокӣ мушкилӣ надошта бошад, ба мисли вазъияти мамлакатҳои арабӣ, мамлакатҳои Африқо ва мамлакатҳои қитъаи ҷанубӣ. Аз ин хотир ман хеле шодам, ки Тоҷикистон дар ин раванд саҳми арзанда гузоштааст ва мегузорад. Бо ибтикори Тоҷикистон Ассамблеяи генералӣ оид ба масъалаҳои об аз соли 2000 то 2016 7 қатънома қабул кард, аз ҷумла соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза, давраи аз соли 2005 то 2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2013- Соли байналмилалии об эълон гардид. Ҳамкорӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» сазовори таваҷҷуҳи хосса мебошад. Дар ин муддат Тоҷикистон на як бор ба минбари баррасии масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст”,- афзуд хабарнигор аз Габон.

Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид ва дар инъикоси ин чорабинии муҳим беш аз 300 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок карданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 13, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд