РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об оғоз мешавад

Июнь 11, 2024 07:00

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 июн дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки дар ифтитоҳи конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намоянд.

Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумот, барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ наздик сесад нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 10 июн дар доираи баргузории ин конференсияи сатҳи баланд дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе фестивалу форумҳои зиёд доир ба масъалаҳои обу пиряхҳо ва иқлим, аз ҷумла Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон», Форуми байналмилалии зан ва об, Форуми Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Об ва тағйирёбии иқлим», Форуми оби Африқо, Форуми бахши хусусӣ, Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми ташкилотҳои ҳавзавӣ, Форуми илм ва технология ва Фестивали обу пиряхҳо гузаронида шуданд.

Ҳадафи конференсия тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад. Бешубҳа, натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид-2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.

Раванди оби Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тавассути баргузории силсилаконфронсҳо ҳар ду сол як маротиба аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар Ҳисор ҳамоиш баргузор шуд
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Ташаббусе, ки аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарчашма мегирад
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конференсия ва роҳпаймоии сулҳ баргузор гардид
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Талошҳои Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва пешбурди дипломатияи сулҳофарӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ назаррасанд
СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд