САМАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БУНЁДИ САДҲО МУАССИСАҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ! Маълумот дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақсад аз таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳои тақдир барои халқи тоҷик мебошад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи шодбошӣ ба муносибати ин сана хотирнишон сохтанд: «мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем», — чунин омадааст дар мақолаи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Матни пурраи мақола дар зер пешниҳод мегардад.
— Имрӯз шукуфоиву пешрафти мамлакатро метавон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба мушоҳида гирифт. Аз ин лиҳоз, қотеъона метавон гуфт, ки файзи ваҳдати миллӣ дар соҳаи маориф, соҳае, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «тақдирсоз ва афзалиятнок» эълон шудааст, ба пешравиҳо низ ноил гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосатан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, бо мақсади рушди бонизоми соҳаи маориф сол аз сол маблағгузории соҳаи маорифи пойтахтро зиёд намуда истодаанд, ки рушди устувори соҳаро таъмин менамояд.
Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолии пойтахт, масъалаи сохтмон ва аз навсозии муассисаҳои таълимӣ дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамасола якчанд муассисаи таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумии нави муҷҷаҳаз мавриди истифода қарор дода мешавад.
Танҳо аз соли 2017 то имрӯз 20 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3529 ҷой, 48 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 38600 нафар хонанда дар як баст ва хобгоҳ дар Мактаб-интернати №1 мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар соли 2024 шумораи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбат ба соли 2023 ба теъдоди 10458 нафар ва ин шумора нисбат ба панҷсоли қаблӣ 79 753 нафар зиёд гаштааст.
Бо дарназардошти ин ҳама, дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 мавриди истифода қарор додани 7 муассисаи таҳсилоти то мактабӣ барои 1720 ҷой, 4 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 5900 нафар хонанда дар як баст, мактаби санъати кӯдакона ба номи М.Аминзода барои 520 нафар, Коллеҷи хореографӣ ба номи М.Собирова барои 320 нафар ва Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов барои 140 ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойтахт аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо бунёд ва сохтмону навсозии 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3200 ҷой ва 15 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 14090 нафар ба нақша гирифта шудааст.
Теъдоди литсей аз 9 адади соли 2017 ба 17 адад гимназия аз 5 адад ба 7 адад расонида шуд, ки ҷиҳати ба таҳсили мақсадноки тамоюлӣ бо дарназардошти шавқу рағбат ва лаёқату истеъдод фарогирии хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техники муассисаҳои таълимӣ, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ворид ва мутобиқшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода, барои дарёфт, дастгирӣ ва рушди кӯдакону хонандагони боистеъдод тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол мавқеи меҳварӣ дошта, дар ин робита аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор унвону ҷоизаҳо таъсис дода шуд.
Бояд гуфт, ки таи панҷ соли охир 8 нафар омӯзгор ҷоизадори «Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» 219 нафар ба мукофотҳои давлатӣ, 585 нафар дорои мукофотҳои соҳаи маориф ва 1254 нафар бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидаанд.
Ҳамзамон дар муассисаҳои таълимии пойтахт 5 доктор, 73 номзади илм, 4031 нафар кадрҳои дорои дараҷаи тахассуси олии омӯзгорӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба панҷсоли қаблӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба маротиб афзуда, дараҷаи тахассуси олии омӯзгорӣ 1353 нафар зиёд гаштааст.
Мавриди ёдоварист, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ танҳо соли 2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 85 омӯзгори шаҳри Душанбе барои такмили ихтисос ба шаҳрҳои Москва, Санкт – Петербург, Екатеринбурги Федератсияи Русия, шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон, шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар гардиданд, ки харҷи сафар пурра аз ҳисоби маблағҳои ба ин самт ҷудогардида, амалӣ карда шуд.
Гирандагони Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе аз 9 нафари соли 2022 дар соли 2023 ба 13 нафар расонида шуд.
Ғолибони даври шаҳрии озмунҳои касбии «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюм (шаҳрӣ)-и озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикон- оинаи таърихи миллат» ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ҳамасола қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва дастгириву ҳавасандгардонии онҳо дар заминаи филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе «Мактаби маҳорати педагогӣ» таъсис дода шуд, ки олимону устодони пуртаҷрибаро ба ҳам оварда, барои паҳн кардани таҷрибаи пешқадам ва ибрат бахши омӯзгорони навовару эҷодкор дар байни омӯзгорон, аз ҷумла омӯзгори ҷавон мусоидат намудааст.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар баробари дигар қишрҳои ҷомеаи мамлакат дар рушду таҳкими Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, дар атрофи давлати миллиамон муттаҳид шавем ва онро ба насли оянда чун миллати ягона бо асолату фарҳанг ва симои хоси миллии худ байни давлатҳои мутамаддину мутараққии ҷаҳон ҳифз намоем.
АКС: АМИТ «Ховар»