Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Восеъ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардид

Июнь 4, 2024 20:14

ДУШАНБЕ, 04.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шинос шудан бо рафти бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, парвариши зироату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва раванди созандагиҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Хатлон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеъ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти гуногун, бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷамъоварии ҳосилу гузаронидани кишти такрорӣ шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти хусусии томактабии «Афсона» дар деҳаи Восеобод Сарвазири мамлакат бунёди ин иншоот ва фарогири ба таҳсили томактабиро яке аз ҳадафҳои асосии Ҳуккумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, иҷрои босифати корҳоро зарур донист.

Айни замон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сохтмони хати ташноб ва мумфаршкунии роҳҳои шаҳрак ҷараён дорад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин ҳастанд. Дар марҳилаи якум хобондани қубур ба анҷом расида, барқароркунии мавзеъҳои кандашуда идома дорад.


Ҳамзамон мумфаршкунии кӯчаи марказии шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо дарозии 4,6 километр идома дорад.

Сарвазири мамлакат таҳкими созандагиҳо, таъсиси ҷойҳои нави коӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагиро барои мардум яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.

Дар маҷмуъ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмони 408 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 206 иншоот ба истифода дода шудааст.

Қоҳир Расулзода дар Ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ бо нашъу намои зироат ва оғози кишти такрорӣ шинос шуд.

Дар Хоҷаги деҳқонии «Илҳом» ҷамъоварии пиёз ҷараён дошта, меҳнаткашон дар заминҳои холишуда кишти такрории зироатро оғоз намудаанд.

Сарвазири мамлакат бо назардошти шароити кунунии ҷаҳон, дигаргуншавии иқлим ва зиёдшавии талабот ба маводи ғизоӣ дар бозори истеъмолии ҷаҳон аз деҳқонон ҷамъоварии ҳосили асосӣ, гузаронидани кишти такрорӣ ва баланд бардоштани самаранокии заминро талаб намуд.


Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат, беҳтар шудани шароит барои истеҳсоли маводи ғизоӣ ва таъмини истифодаи самараноки замин ба гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мусоидат намудааст. Ҳоло хоҷагидорон аз ҳисоби ҳосили якум ба бозори истеъмолӣ маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ пешниҳод карда, дар заминҳои холишуда кишти такрориро ба роҳ мондаанд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Восеъ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ шинос гардид.

Аз омадани сел манзилҳои истиқоматии сокинон, иншооти ёрирасон, заминҳои кишт, майдони боғ, хатҳои интиқоли неруи барқ дар деҳаи Кӯчабоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ зарар дидаанд. Ҳамчунин офати табиӣ қисман ба роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Восеъ таъсир расонидааст.

Аз рӯзҳои сар задани офати табиӣ корҳои бартарафкунии оқибатҳои он ҷараён доранд.

Боронҳои пай дар пайи баҳори имсола боиси рахна шудани 150 метр сади муҳофизатӣ дар дарёи Ёхсу гардидааст. Тадбирҳо дар самти соҳилмустаҳкамкунӣ идома дода мешавад.

Сарвазири мамлакат бо ёдоварӣ аз супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бартараф намудани паёмадҳои офатҳои табиӣ ва дастгирии зарардидагон зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҳамчунин Саврвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ шинос шуд. Айни замон дар минтақаи хавфноки соҳили рости дарё дар деҳаи Муҳоҷирободи деҳоти Дарқад корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 200 метр ҷараён доранд. Дар маҷмуъ зиёда аз 2 ҳазор тахтасангҳои оҳану бетонӣ дар мавзеи хавфноки деҳаи Муҳоҷиробод дастрас ва хобонида шудааст. Ҳоло низ дар ин мавзеъ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд.

Айни замон бо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор ҷараён дорад.


Ёдовар мешавем, ки дар ин деҳаи ноҳияи Фархор манзилҳои истиқоматии сокинон 25 май аз сел таъсир дида буданд. Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба таври дастҷамъона идома дорад.

Сарвазири мамлакат истифодаи пурраи имконияти мавҷуда ва таҳкими корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар соҳили дарёи Панҷ ва бартарафкунии оқибатҳои офати табииро дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор зарур донист.

Қоҳир Расулзода дар мавзеи Уртабузи деҳоти Гулшан ба ҳолати пойгоҳи обкашии Уртабуз №:4 шинос гардид.

Дар деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №30 ба истифода дода шуд. Иншооти нав барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он барои таҳсили хонандагон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам оварда шудааст.


Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ соли 2023 бо ҷалби сармояи хориҷӣ оғоз гардида, дорои синфхонаҳои фаннии физика, география, химия ва маркази таълимии инкишофи кӯдак мебошад. Умуман дар бинои нави муассисаи таълимӣ бо назардошти зарурат барои таҳсили наврасон мутобиқ ба талаботи замон имконият фароҳам оварда шудааст.

Имсол меҳнаткашони Хоҷаги деҳқонии «Нодир» ғалладона, пахта, картошка, помидор, пиёз ва полизӣ кишт намуданд. Натиҷа нишон дод, ки меҳнати кишоварзон самараи баланд ба бор овардааст.

Баъди ҷамъоварии ҳосили пиёз кишоварзон дар майдони 6 гектар кишти такрории пахта гузарониданд, ки ҳоло дар ҳолати хуби нашъу намо дорад.

Майдони умумии Хоҷаги деҳқонии «Нодир» 162 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 40 гектар боғи зардолу, 6 гектар боғи олу ва 5 гектар боғи анор мебошад.

Таҷриба нишон дод, ки истифодаи технологияи нав, меҳнати пайваста ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил метавонад ба баланд шудани самаранокии замин мусоидат намояд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайд Алии Ҳамадонӣ бо рафти бунёди иншооти истеҳсолӣ, мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ва истифодаи замин шинос гардид.

Айни замон дар деҳаи Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёди корхонаи парандапарварӣ идома дорад. Иншооти истеҳсолӣ аз тарафи соҳибкор Бобомурод Назаров бунёд карда шуда, таҷҳизоти он аз хориҷ ворид гардидааст.

Бунёди корхона дар ду марҳила пешбинӣ шуда буд. Марҳилаи якум бо иқтидори парвариши 13700 сар паранда фаъолият дорад. Марҳилаи дуюм барои парвариши зиёда аз 16 ҳазор сар паранда пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмуъ дар ҳар ду марҳила парвариши 30 ҳазор сар паранда ба роҳ монда шуда, дар баробари истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ, ҳамзамон 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.


Бинои Маркази ташхису табобат ва дандонпизишкӣ дар деҳаи Файзободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар асоси тарҳи муосири меъморӣ идома дорад.

Дар ошёнаи якуми бино ташхисгоҳ, дорухона, маҷлисгоҳ ва ошёнаи дуюм бошад барои ҷарроҳии ҷоғу рӯй, ҳуҷраҳои кории духтурон пешбинӣ шудааст. Баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расузода истифодаи бештар аз имтиёзу дастгириҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешрафти фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ муфид арзёбӣ намуд.

Айни замон сохтмони пули мошингузар байни деҳаи Файзобод ва маҳаллаи ба номи Иззатулло Шарифови деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ идома дорад. Дарозии пул 42 метр ва паҳноияш 6 метрро ташкил намуда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар асоси лоиҳа ҷараён дорад.


Навсозии роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар идомаи ҳамин тадбирҳо мумфаршкунии роҳи мошингарди байни деҳаҳои Файзобод ва Тагноби деҳоти Даштигуло, Анҷиркон, Сафедоб, Кодара ва Сафар Гадоии деҳоти Панҷрӯд то шаҳраки Москва идома дорад.

Дарозии умумии роҳ 14,5 километр ва паҳноияш 6 метрро дар бар мегирад. Бо гузашти солҳо роҳ ба таъмир ниёз пайдо карда буд. Ин тадбири муҳим аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ анҷом дода мешавад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат ва саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллиро дар корҳои ободонӣ намунаи ибрат арзёбӣ кард.

Дар ҳамин рӯз ҳозирин бо ҳолати майдони варзишӣ дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд, ки ҳолати он беҳбудӣ мехоҳад.


Бо мақсади дар оянда бо оби соф таъмин намудани хоҷагиҳои ҳудуди ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар масоҳати 38 гектар бунёди ҳавзи обтакшинкунӣ идома дорад. Ин тадбири муҳим дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар дарёи Панҷ» амалӣ мегардад.

Масофаи соҳили дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 25 километрро ташкил медиҳад, ки ҳамасола бо мақсади пешгирии хавфи обхезӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо оби полизӣ дар соҳили дарёи Панҷ корҳои тозакунии маҷрои дарё ва соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад.

Бо назардошти нақши муҳими ҳавзи обтакшинкунӣ дар таъмини хоҷагиҳо бо оби полизӣ, пул нашудани каналҳо аз лою қум ва рушди соҳаи кишоварзӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз коргарону мутахассисон тезонидани раванди корро дар ҳавзи обтакшинкунӣ талаб намуд.

Афзалият додан ба таҷритбаи муосири кишту парвариши зироат имкон фароҳам овард, ки самаранокии замин баланд гардад.


Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-агро» аз ҷумлаи хоҷагиҳое мебошад, ки дар самти таҷрибаи муосири истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ муваффақ шудааст. Ҷамъияти мазкур дар ихзтиёри худ 75 гектар замини корам дорад, ки аз ин 22 гектар боғи мевадиҳанда ва 21 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Дар 3 гектар бо мақсади парвароиши сабзавоти барвақтӣ ва дарахтони ситрусӣ 2 гармхонаи доимамалкунанда ташкил карда шудааст.

Айни замон аз ҳамин ҳисоб помидор, бодиринг, қаламфур ва дигар намуди маводи ғизоӣ ба бозори истеъмолӣ пешниҳод карда мешавад.

Барои нигоҳдории ҳосили мева боғу ток бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот бунёд карда шудааст.

Ба инобат гирифтани шароити кунунии иқлим, риояи агротехникаи кишту парвариши зироат ва меҳнати пайваста ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва баланд шудани самаранокии замин мусоидат намудааст.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

Июнь 4, 2024 20:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ бояд кард то дар фасли тобистон кӯдакон ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор нашаванд?
Дар Душанбе пойгоҳи миллии ройгон барои ҷустуҷӯи кор ва коргарон муаррифӣ гардид
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад
13-14 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел ва чангу ғубор дар назар аст
Дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
Пешвои миллат ба Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ишкошиму Роштқалъа автомошинаҳои хидматӣ тақдим намуданд
Дар 30 сол дар Тоҷикистон 24 ҳазор иншооти инфрасохторӣ сохта ба истифода дода шуд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар рӯзҳои гарми тобистон саломатии худ ва наздиконро эҳтиёт намоед
8 июл дар якчанд ноҳияҳои вилояти Суғд сел омад
Дар ноҳияи Данғара бо иштироки занони фаъол ҳамоиши фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид
Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дар 35 шаҳру ноҳияҳои мамлакат намояндагиҳои худро дорад
ИМРӮЗ-РӮЗИ МАЪЮБОН. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» таҳия гардидааст