ТАБИАТ ДАР ҲАЁТИ ИНСОН НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД. Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист 4 июн дар вилояти Хатлон ҳамоиш доир гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои вилоят дар гӯшаҳои табиат мусаввараҳо, гулу буттаҳо ва дастовардҳояшон дар самти коҳиши тағйирёбии иқлим ва беҳдошти муҳити зистро ба маърази тамошо гузоштанд, иитилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз 52 сол қабл аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 5 июн бо мақсади ҳушдор додани инсоният аз зуҳури муаммоҳои экологӣ ва ба хотири мусоидат ба беҳдошти вазъи муҳити зист Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист эълон гардид. Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар Тоҷикистон аз соли 2000 оғоз гардида, таҷлили он сол ба сол дар қаламрави мамлакат бо иштироки доираи васеи ҷомеа шукуҳу шаҳомати хосса касб менамояд.
Гуфта шуд, ки табиат бо инсон пайванди ногусастанӣ дошта, дар ҳаёти инсон нақши муҳим дорад. Ҳифзи муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванд буда, барои тозаву озода нигоҳ доштани он ҳар сокини мамлакат вазифадор мебошад.
Бояд гуфт, ки риоя намудани талаботи қонунгузории ҳифзи табиат бисёр организмҳои зиндаро аз вазъият ва хатари нобудшавӣ эмин дошта, мувозинати табиатро таъмин намуда, боиси рушди устувор дар ҷомеа ва табиат мегардад.
АКС: Рӯзномаи «Хатлон»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






