Тоҷикистон ва Олмон ҳамкориро дар соҳаи маориф тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 06.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири рушд ва ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, узви Парламенти Олмон Свенжа Шултс вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои шиносоӣ бо низоми таҳсилоти дуалии Олмон ва фаъолияти муассисаҳои дахлдор, муҳокимаи ҷамъбасти масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи минтақавӣ дар соҳаи таҳсили касбӣ, иқтисоди “сабз”, таҳияи стандартҳои касбӣ, рушди сифати таҳсил ва роҳнамоии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъалаҳо иброз намуд, ки яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро ба соҳаи маориф ва илм равона кардааст, ин Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкории минбаъда вазорат изҳори омодагӣ намуд.
Свенжа Шултс вохӯриро дар доираи ҷаласа иқдоми созанда дар рушди ҳамкорӣ унвон карда, пешниҳодҳои муфид манзур намуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






