«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Июнь 15, 2024 10:17

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар Душанбе баргузор гардид, гурӯҳе аз меҳмонон ва иштирокчиёни он ба шаҳри Роғун сафар намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ин сафар меҳмононро, ки зиёда аз 100 нафарро ташкил медоданд, раиси шаҳр ва дигар масъулин бо садои карнаю сурнай бо анъанаҳои неки меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифтанд. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ин сохтмон 16 051 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 968 нафари онҳоро мутахассисони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз тарҳҳои нодири гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии мамлакат имконияти мусоид пайдо шуда, ба рушди иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли неруи «сабз», ҳифзи экология, инчунин дар доираи тарҳи «CASA–1000» ба афзоиши содироти неруи барқ ба бозорҳои энергетикии минтақа мусоидат менамояд. Ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он метавонад дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши муассир дошта бошад.


Вазири муҳити зист, кишоварзӣ ва чорводории Ҷумҳурии Бурундӣ Додико Проспер зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» таассуроташро аз сафар ба Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об чунин баëн намуд:

«Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам, аммо мафтуни табиати нотакрори мамлакати шумо гардидам. Зимни тамошои манзараҳои дилфиреб Тоҷикистонро ҳамчун биҳишти рӯи замин дарёфтам. Ростӣ, таваҷҷуҳамро бештар муҳаббат ва меҳмоннавозии тоҷикон ҷалб кард. Дар мавриди ташаббусҳои Тоҷикистон, махсусан Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки воқеан Роҳбари шумо шахси ташаббускор ва пешоҳанг дар арсаи ҷаҳонӣ вобаста ба обу иқлим мебошад. Бубинед, тавре дар ҷараёни конфронс омор пешниҳод шуд, имрӯзҳо тақрибан 2 миллиард нафар дар ҷаҳон ба шабакаҳои таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд. Инчунин зиёда аз 2,4 миллиард нафар дар таъмини оби тозаи нӯшокии экологӣ мушкилӣ мекашанд. Ҳар рӯз тақрибан 1000 нафар кӯдак дар ҷаҳон аз бемориҳои бо об ва беҳдоштӣ вобаста мефавтанд. Яъне аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим чӣ қадар кишвари пешоҳанг аст ва он ташаббусҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакат гирифта мешаванд, бисёр ба маврид буда, онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ мепазирад».


Директори Раёсати миллии захираҳои обии Руминия Елена Тсукю зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо хушҳолӣ иброз дошт, ки дар бораи Тоҷикистон бисёр таассуроти нек дорам, зеро муддати 3 рӯзе, ки мо дар мамлакати шумо қарор доштем, бисёр чизҳои навро аз худ кардам. Бояд бигӯям, ки аслан меҳмоннавозиро бояд аз тоҷикон омӯхт, ин мардум ончунон самимиянд, ки кас вақте маротибаи аввал вориди Тоҷикистон мегардад, эҳсоси танҳоӣ намекунад. Ташаккур ба шумо барои чунин меҳмоннавозии самимӣ. Дар мавриди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва Президенти шумо бошад, ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки он ташаббусҳое, ки аз ҷониби Тоҷикистон гирифта мешаванд, саривақтӣ аст. Ва он конфронсе, ки дар Душанбе баргузор гардид, мо шоҳид будем, ки иштирокчиён ташаббусҳои Президенти Тоҷикистонро дар мавриди обу иқлим ба хубӣ истиқбол менамуданд. Албатта, имрӯз дар ҷаҳон таъмини аҳолӣ бо оби тоза яке аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб меравад ва Тоҷикистон дар сурати дуруст истифода бурдани дурдонаҳои худ – манзурам кӯлу дарёҳои шумо аст, на танҳо кишвари худ, балки минтақаро низ бо об таъмин менамояд».

Базми ташкилнамудаи масъулин сафари гурӯҳи меҳмонон ва иштирокчиёни Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро дар шаҳри Роғун хотирмонтар намуд.

Нарзулло ҶӮРАЕВ,
Зоҳирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июнь 15, 2024 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Душанбе бо баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар харитаи иқлими ҷаҳонӣ ҷой гирифт
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Дидгоҳи Президенти Тоҷикистон ба криосфера ҳамчун замина барои амнияти глобалӣ»
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ мизи мудаввар баргузор шуд
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус суҳбатҳо анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус иштирок намуданд
Пешниҳоди Тоҷикистон ва Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд