«ТОБИСТОН-2024». Гурӯҳи корӣ бо вазъи омодагии «Маркази солимгардонии Суғд» барои истироҳати кӯдакон ва наврасон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи кори Ситоди «Тобистон-2024» доир ба баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 гурӯҳи корӣ иборат аз сармутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазъи омодагии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла вазъи омодагии истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Маркази солимгардонии Суғд»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки иқдоми пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кӯдакони мамлакат сол ба сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кӯдакон ва наврасон қарори дахлдор ба тавсиб мерасад.
Дастур дода шуд, ки оид ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» баҳри ташкили самараноки солимгардонии кӯдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дар давраи истироҳати кӯдакон ва наврасон ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва тарбияи ватандӯстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вохӯрию суҳбатҳо ташкил карда шаванд.
Таъкид гардид, ки барои фарогирии кӯдакону наврасон, аз ҷумла ятимону бепарасторон, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, оилаҳои камбизоат, хонандагони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба истироҳатгоҳ диққати махсус зоҳир намуда, барои истироҳати кӯдакон ва наврасон дар тобистони соли 2024 шароити мусоиду беҳтар фароҳам оварда шавад.
АКС: Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






