ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1260 то 0.1285 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 20.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.6528 сомонӣ;
1 евро – 11.4518 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1273 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.6500 то 10.7100 сомонӣ;
1 евро аз 11.5500 то 11.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1260 то 0.1285 сомонӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».








ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2500 то 9.2801 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ густариш медиҳанд
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Барномаи шарикии кишварӣ барои Тоҷикистонро қабул намуд
Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон қариб 9 миллион доллар афзоиш ёфтааст






