ВАРЗИШ-ҚОСИДИ СУЛҲ. Мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мактаби байналмилалии президентӣ ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ доир гардид, ки он аз 1 то 6 июн идома ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мусобиқаи варзишӣ бо мақсади ҷонибдорӣ аз ташаббуси ҷаҳонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баъд аз натиҷагирии аъзои ҳакамон ҷойи якумро Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Коллеҷи ғайридавлатии тиббии ноҳияи Ховалинг, ҷойи сеюмро Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор сазовор шуда, Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент мақоми ифтихориро касб карданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ва ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятро фароҳам овардааст. Таъмини рушди футбол дар Тоҷикистон ва дастгирии варзишгарон, хусусан футболбозон дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Дар мусобиқа зиёда аз 75 даста аз ҳисоби омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, дар ҷамъбаст дарвозабони беҳтарин, нишонзани беҳтарин, бозингари беҳтарин муайян шуда, барои иштироки фаъолона бо Ифтихорнома, Сипоснома, Ҷом ва медали Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






