Вокуниши қонунӣ нишон додан ба фаъолият ва амалҳои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ амри зарурӣ ва воқеӣ мебошад

Июнь 6, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 07.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳониро на танҳо ба ташвиш овардааст, балки он ба яке аз масъалаи доғи давлатҳову миллатҳо мубаддал гаштааст. Зеро имрӯз бештар шудани фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти тундрав ба ҳаёти осоиштаи миллатҳо дар саросари кишварҳои олам хатари ҷиддӣ пеш меорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муяассар гардид, ки ваҳдати комили миллатро таъмин кунад, ба рушди иқтисоди миллӣ такон бахшад, сатҳи некӯаҳволии мардумро баланд бардорад, армонҳои миллиро амалӣ созад, вале ҳанӯз ҳам масъалаҳои печида рӯ ба рӯи сокинони мамлакат қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, фаъол гардидани созмону ташкилоти ифротгаро ва террористӣ яке аз ин мушкилоти замони муосир мебошад. Вокуниши қонунӣ нишон додан ба фаъолият ва амалҳои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ амри зарурӣ ва воқеӣ мебошад. Чунин омадааст дар мақолаи ходими илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Расул Маҷидзода, ки ба нишонии АМИТ «Ховар» ворид шудааст.

 — Ҳамин аст, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст. Хатари ин созмону ташкилот ва гурӯҳҳо мазмуну муҳтавои тундгароӣ дошта, ба кулли башарият таҳдид мекунад.

Дар замони пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддият, доир ба густариши ифротгароии бунёдӣ, терроризм ва дигар зуҳуроту амалҳои номатлубу хатарзо зиёд гуфтаанду мегӯянд. Воқеан ҳам ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои террористиву экстремистӣ кӯшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои зиддимиллӣ ва зидидавлатиро бо ҳар роҳу васила, хусусан бо истифода аз имконияти васеи шабакаи ҷаҳонии Интернет паҳн созанд. Ин дар ҳоле аст, ки барои иштирок ва ҳамақидаӣ бо онҳо мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии сангин пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи моддаи 307 3, қ. 2. иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбат ба он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда, дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи Интернет ва ё ба тарзи дигар (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.11.2016 сол), бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.12.15 сол).

Аз ин рӯ, касоне, ки дониста ва ё надониста бо ин созмону ташкилот ва гурӯҳҳо ҳамкорӣ менамоянд, бо онҳо ҳамақида ҳастанд, бояд огоҳ бошанд, ки ҷараёни бошиддати фаъолияти онҳо ба ҷомеа таъсири манфӣ расонида, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одати бегонагонро ворид сохта, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф менамояд. Натиҷаи он ҳама вақт манфӣ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур, эътироз ва муқобилият ба миён меоварад. Аъмоли инҳо боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ мегардад ва ҳамнишинӣ бо онон маънои шарикӣ дар ҷиноятро дорад.

Иллати сар задани хатари тафриқаандозӣ ва пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ, таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, беасосу бадномкунанда ва дар ин замина ба вуҷуд овардани фазои нофаҳмӣ маҳз аз ҷониби ҷинояткорони ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилоти террористӣ-экстремистӣ садо медиҳад, ки ҳамақидагӣ бо онҳо низ ҷиноят аст.

Бинобар ин тамоми аҳли илм, маориф, зиёиён, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолон, коллективҳои меҳнатӣ, шахсони калонсол, ки дорои таҷрибаи бойи ҳаёт ҳастанд, ходимони дин ва руҳониён, рӯзноманигорону фаъолонро мебояд, ки ҷавонону наврасон, мактабиён ва онҳоеро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ҳамеша аз хатару таҳдидҳои ташкилоту созмон, ҳизбу равияҳои мухталифи дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ огоҳ намоянд.

Расул МАҶИДЗОДА,
ходими илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 6, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии амнияти ҷамъиятӣ иштирок намуд
Шурои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулода масоили бартарафсозии офатҳои табииро баррасӣ намуд
Дар Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» оғоз шуд
Низомиёни тоҷик дар тамринҳои «Марз-2025» иштирок доранд
Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мегардад
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН. Барои ҳифзи қабати он аз вайроншавӣ Конвенсияи Вена қабул карда шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ИДМ доир мешавад
ПАХТА — ЗИРОАТИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН. Барои ҳавасмандии марди деҳқон арзиши ин маҳсулот бояд баланд бардошта шавад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо коррупсия ҳамоиш доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гиёҳҳои хушккардашуда сарчашмаи маводи ғизоию шифоӣ мебошанд
ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзӣ ба инсон қуввату дармон мебахшад