35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд аз 950 иншооти ҷашнӣ 518 адади он сохта ба истифода дода шудааст

Июль 26, 2024 10:24

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дар панҷ сол, сохтмон, навсозӣ ва таъмири 950 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрўз 518 адад ё 55,0 фоизи онҳо бунёд карда шудааст. Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда, 112 адади он ба нимсолаи аввали соли равон рост меояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд.

Дар шаҳри Хуҷанд ба пешвози ин ҷашни фархундаи миллӣ корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ ва гулзоркунӣ вусъат меёбанд. Дар ин кор соҳибкорону аҳолӣ низ саҳми муносиб гузошта, дар мавзеъҳои шаҳр дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ шинонидаанд, ки ба атроф зебу зиннат мебахшад.

Бояд гуфт, ки сокинон дар ин соли таърихӣ, бо руҳияи баланди созандагию ташаббускорӣ ва меҳнати софдилона баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ободонию рушди бештари шаҳри Хуҷанд, ки ҳамасола меҳмонони зиёд ба тамошои осори қадимаи ин шаҳри бостонӣ меоянд, саҳми босазо мегузоранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 26, 2024 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«БА ВАТАН ШАРАФМАРДОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷалби ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рашт бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду таҷдиди 307 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расид
Дар ноҳияи Айнӣ Маркази савдои «Муҳаббат» ба фаъолият шуруъ намуд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт биноҳои маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ ва маркази ташхису табобатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд
Сарвари давлат: «Сатҳи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои Тоҷикобод беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд»