55 донишҷӯ Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд
ДУШАНБЕ, 07.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 55 нафар хатмкунандаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ соҳиби дипломи аъло гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Ба ин муносибат дар донишгоҳ маросими тақдими дипломҳои аъло ба хатмкунандагон баргузор гардид.
Ҳамасола Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро садҳо нафар хатм намуда, ҳамчун ҷавонони лаёқатманд ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои муҳандисӣ-техникӣ дар мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият менамоянд.
Соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро аз рӯйи ихтисосҳои марбута 1955 нафар донишҷӯ дар зинаи бакалавр ва 76 нафар дар зинаи магистратура хатм намуданд, ки аз ин теъдод як қатор донишҷӯёну магистрон ба дипломи аъло шарафёб гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Пешвои миллат ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд ва ин аст, ки барои тарбияи насли наврас ва ба омӯзиши илму дониш фаро гирифтани онҳо дар мамлакат тамоми шароит муҳайё гардидааст.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ










Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






