Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»

Июль 25, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон барои вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба миқдори 780 санад тартиб дода шуда, ба маблағи 2 миллиону 412,5 ҳазор сомонӣ зарар муайян карда шудааст, ки аз ин маблағ 287,4 ҳазор сомонӣ барқарор гардидааст. Дар ин хусус директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки аз миқдори умумии қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 381 адад (ба маблағи 506,9 ҳазор сомонӣ) ба буриши ғайриқонунии дарахт, 247 адад (ба маблағи 299,3 ҳазор сомонӣ) ба чорвочаронии худсарона, 84 адад (ба маблағи 39,8 ҳазор сомонӣ) ба ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои хурданибобу шифобахш, 33 адад ( ба маблағи 42,4 ҳазор сомонӣ) ба шикори беиҷозат, 7 адад (ба маблағи 1 миллиону 535,4 ҳазор сомонӣ) риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва 28 адад (ба маблағи 23 ҳазор сомонӣ) ба дигар намуди қонунвайронкуниҳои ҷангал рост меояд.

Ҳамчунин дар ин давра 530 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 156,3 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда, аз он маблағи 144,6 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

«Агентӣ ҷиҳати ҷуброни товони зарари ба фонди давлатии ҷангал расонидашуда ва ситонидани ҷаримаҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан мақомоти прокуратура ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, оид ба масъалаи ситонидани маблағи зиёда аз 1675 ҳазор сомонӣ ҷуброни товони зарари ҷангал, ки дар натиҷаи буриши ғайриқонунии ҷангал ва чорвочаронии худсарона ба хоҷагии ҷангали ба номи Н.Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт расонида шудааст, маводҳо барои баррасӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуда, мавриди баррасӣ қарор доранд», -гуфт директори Агентӣ.

Таъкид шуд, ки ҷиҳати пешбурди корҳо оид ба самаранок ба роҳ мондани истифодаи захираҳои ҷангал чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин давра аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи Агентӣ, қисман дар якҷоягӣ бо аҳолии маҳал зиёда аз 160,7 тонна растаниҳои ғизоӣ, хӯрданибоб ва шифобахш ҷамъоварӣ шуда, ба бозори истеъмолӣ пешкаш шуд. Инчунин бо мақсади таъмини соҳаи чорводорӣ бо хошоки дурушт дар мавсими зимистони солҳои 2024-2025 ва гузаронидани корҳои биотехникӣ зиёда аз 191 тонна алафи табиӣ тайёр карда шуда, пешбурди корҳо дар ин самт дар хоҷагиҳои ҷангал идома доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
Зоҳирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид