Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо 14 ташкилоти байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад

Июль 23, 2024 14:19

ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон робита ва ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат густариш дода, ҳоло бо 14 ташкилоти байналмилалӣ ва 32 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки Академия барномаи табодули академиро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Моҳи феврали соли 2024, дар доираи ин барнома 23 нафар донишҷӯ ба муассисаҳои олии касбии хориҷӣ, ки академия бо онҳо созишномаҳои ҳамкорӣ дорад сафарбар гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол хазинаи китобхонаи илмӣ ва электронии академия 2 миллиону 279 ҳазору 125 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 23 125 нусха дар хазинаи асосӣ ва 2 миллиону 256 ҳазор маводи электронӣ дар фонди китобхона дастрас мебошад.

Ҳамзамон ба гуфтаи ректори Академия дар давраи ҳисоботӣ 36 нафар аз ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони академия дар дохил ва хориҷи мамлакат аз машғулиятҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2024 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид