Аз ҷониби Пешвои миллат ба кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо нақлиёти хизматӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар Данғара, Фархор, Кӯшониён, Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд, ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Варзоб, Тоҷикобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав нақлиёти хизматӣ тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Калиди мошинҳоро ба раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.
Ҷавобан ба ғамхории Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо тасмим гирифтанд, ки фаъолияти ҳизбии худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, барои боз ҳам дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки соли равон 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Тӯли ин солҳо Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузошта, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ фаъолияти бориз доранд.
Дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ бомаром ҷараён дошта, тайи ду соли охир 12 бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ сохта ба истифода дода шуда, айни замон сохтмони 8 бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизб босуръат идома дорад.
Фароҳам овардани шароити муассисаҳои корӣ барои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври ҳамешагӣ таҳти ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?






