Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Медиакорпоратсияи Чин CMG Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. 5 июли соли равон пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони ҳар ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин доир гардид, ин санад аз ҷониби роҳбарони ниҳодҳо табодул карда шуд.
Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳидддин Шамсиддинзода иброз намуд, ки «Агентӣ солҳои охир ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои иттилоотии мутақобилан судманд бо воситаҳои ахбори оммаи давлатҳо ва минтақаҳои масири ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» тадбирҳои муҳим меандешад. Дар ин самт мо ба таҳкими муносибатҳо бо ҷониби Чин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз ҳамкории густурда бо Медиакорпоратсияи Чин умеди калон дорем».
«Мо ин иқдомро ҳамчун қадами боварибахши ҳамкорӣ дар самти иттилоотонии шаҳрвандони ду давлати ҳамсояву дӯст — Тоҷикистон ва Чин арзёбӣ менамоем, ки ин барои халқҳои давлатҳоямон имконияти нав барои шиносоии бештари ҳамдигар мебошад», -афзуд Субҳидддин Шамсиддинзода.
Директори АМИТ «Ховар» тазаккур дод, ки «акнун мо дар баробари агентиҳои иттилоотӣ, бо Медиакорпоратсияи Чин «CMG» робитаҳои дуҷониба барқарор мекунем. Ин ҳамкорӣ дар фаъолияти мо самти нав буда, бешубҳа имконияти моро васеъ мекунад ва хонандагони моро боз ҳам бештар менамояд. Мо боварӣ дорем, ки дар баробари маводи иттилоотию таҳлилӣ, имкони табодули маводи видеоиро низ пайдо хоҳем кард».
Ёдовар мешавем, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радио, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» бо Медиакорпоратсияи Чин CMG низ ба имзо расиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки 5 июли соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Роҳи нави дӯстии наслҳо» ҳамоиши табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин доир шуд, ки дар он доир ба муносибатҳои фарҳангии ду давлат, ҳамкории воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардуми Чин мубодилаи афкор доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба байни воситаҳои ахбори оммаи тоҷику чинро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин ба иштирокдорони ҳамоиш видиоролик аз лоиҳаи муштараки АМИТ «Ховар» ва Медиакорпоратсияи «CMG»-и Чин оид ба фасли сеюми барномаи «Афоризмҳои дӯстдоштаи Си Ҷинпин бо забони тоҷикӣ» пешниҳод гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






