Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд

Июль 21, 2024 15:14

СУҒД, 21.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва иқдоми се тан аз соҳибкорони ватанӣ, инчунин кумаки сокинон аз дарёи Даҳкатсой то заминҳои солҳо бекорхобидаи деҳаи Метки ноҳияи Деваштич ба масофаи 8,5 километр хати оби полезӣ ва нӯшокӣ кашонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич хабар доданд.

Ин амал имкон медиҳад, ки наздики 400 гектар замини ташналаб обшор гардида, дар кишту парвариши зироати мухталифи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошка заминаи боэътимод гузошта шавад.

Дар доираи амалисозии Барномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал –об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ба зиёда аз 2 ҳазор гектар мазрааҳои пасту баланд ва талу теппаҳои беобу бекорхобидаи деҳаи Метк бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва иқдоми се тан аз соҳибкорони ватанӣ -Абдураҳим Бегов, Шамсимаҳмад Одинаев, Ҷумъабой Умаров ва кумаки сокинони саховатпеша аз дарёчаи Даҳкатсой ба баландии зиёда аз 400 метр об бароварда, тавассути облӯлаҳои қутраш 125 мм аз деҳаи Офтобрӯя то заминҳои ташналаб ба масофаи 8,5 км ду хати об кашида шуд.

Ҷиҳати мунтазам бо барқ таъмин намудани хати оби нӯшокию полезӣ зеристгоҳи муқтадир васлу насб гардида, соҳибкорон аз Даҳкатсой то деҳаи Офтобрӯя хати барқ кашиданд. Дар кофтани хандақҳову хобонидани ду хати обрасонӣ, соҳибкорон аз трактори пурқуввату муосири заминкан истифода намуданд. Ҷиҳати пурсамару оқилона истифода намудани ҳар қатраи оби нӯшокию полезӣ соҳибкорон дар баландии маркази заминҳои беобу ташналаб ҳавзи соруҷии мутамаркази ғунҷоишаш 140 тоннагӣ бунёд карданд.

Барои анҷом додани ин нақшаи саривақтӣ, соҳибкорони ватандӯсти деҳаи Метк 3 миллион сомонӣ маблағ сарф карданд. Ин ташаббуси соҳибкоронро чанд тан аз аҳолии хайрхоҳу саховатпешаи деҳаи Метк низ ҷонибдорӣ намуданд.

Яке аз онҳо модари 86 — сола Соима Бегова мебошад, ки тамоми умрашро дар ин дашти сӯзон, бо даравидани гандуми лалмиву алафҳои табиӣ паси сар намудааст, аз шунидани ин амали хайр 1000 сомонӣ маблағи нафақаи чандмоҳаашро ба ин кори хайр масраф кард.

Мавриди тазаккур аст, ки танҳо соли равон ин 84-умин чоҳи амудӣ ба шумор рафта, бо сарфи маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва саховатпешагию хайрхоҳии аҳолии меҳнатқарини 8 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич кофта шудааст. Ин амал имконият медиҳад, ки майдони кишти зироати обӣ зиёда аз 1000 гектар афзун гардад.

Тавре гуфта шуд, минбаъд ин талу теппаҳо тахту ҳамвор ва ба кишти зироати мухталифи кишоварзӣ омода карда мешаванд.

Обу ҳаво ва иқлими заминҳои зархези ноҳияи Деваштич, аз ҷумла деҳаи Метк ба кишту парвариши картошка ва бунёди боғҳои себу зардолу, олу, гелос ва бодоми содиротӣ хеле мувофиқу созгор мебошанд. Аз ҳисоби обёрии заминҳо, минбаъд дар ин ҷо зиёда аз 400 гектар майдон ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, ба кишти картошка мутобиқ ва ҳосилнокии мазрааҳо давра ба давра баланд гардонида, дар оянда аз ҳар гектар картошказор то 700 сентнер ҳосил ба даст оварда хоҳад шуд.

Дар ин баробар дар теппаҳои ин мавзеъ, тибқи барномаҳои давлатӣ зиёда аз 1000 гектар боғи ниҳолҳои интенсивии меваҳояшон содиротӣ ба таври қатрагӣ бунёд мегардад. Ин амал агар аз як тараф ба ташкили ҷойҳои нави кори доимӣ ва таъмини коргарон бо маоши хуб мусоидат намояд, аз ҷониби дигар баландшавии сатҳи зиндагию фароғати сокинони деҳаи Метки Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичро таъмин месозад.

Мардуми сарбаланди деҳаи Метки Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич аз ин туҳфаи арзанда хушҳол гардида, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич

 

Июль 21, 2024 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Академияи таърихи Чин робитаҳои илмӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ҳасани Чупонӣ: «Президенти Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷамъ оварад»
Мавзеъҳои зебои Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии «Чин-Осиёи Марказӣ» муаррифӣ карда мешаванд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баррасӣ шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, шанбе, 151-умин рӯзи соли 2025 аст