БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон мулоқот намуданд

Июль 13, 2024 20:06

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 33-юми олимпии шаҳри Парижи Фаронса иштирок менамоянд, мулоқот анҷом доданд. Дар ин хуаус ба АМИТ “Ховар” дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар вохӯрӣ дар баробари варзишгарон роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, федератсияҳои варзишӣ ва мураббиён иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки варзишгарон дар чунин чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ натанҳо бо касбият ва қобилияти фавқулода, балки бо хушахлоқӣ ва рафтору кирдори намунавӣ низ муаррифгари меҳан ва фарҳанги хеш мебошанд.

Инчунин иброз гардид, ки дастгирии ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст, аз ҷумла варзишгарон ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри инкишоф ва сайқали варзишии онҳо дар мамлакат тамоми шароит муҳайё мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда варзишгарони тоҷик аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, шумораи роҳхатҳоро ба чунин мусобиқаҳои бонуфуз бештар менамоянд.

Таъкид шуд, ки варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд.

 Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Парчами кишварро ба Темур Раҳимов — парчамбардори дастаи варзишгарони Тоҷикистон тақдим намуда, ба ҳамаи онҳо барору музафаррият таманно намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст.

Иштирокчиён давоми 17 рӯз барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ хоҳанд намуд.

АКС: Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июль 13, 2024 20:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ФУТБОЛ. Истиқлол» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» бар «Хуҷанд» ғалаба намуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад