БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Сомон Маҳмадбеков рақобатро дар даври тасаллобахш идома медиҳад

Июль 30, 2024 17:09

ДУШАНБЕ, 30.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков рақобатро дар даври тасаллобахш идома медиҳад.

Сомон дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати баъдӣ бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд.

Дар даври ¼-ниҳоӣ варзишгари тоҷик бо Тато Григалашвили аз Гурҷистон гӯштин гирифта, аз ӯ шикаст хӯрд ва ба марҳилаи тасаллобахш рафт.

Дар ин давр Сомон бо варзишгари Узбекистон Шарофиддин Болтабоев рақобат менамояд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 30, 2024 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид