ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Узбекистон барои ҷойи сеюм байни ҳам бозӣ мекунад

Июль 12, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бозии ниҳоии худро анҷом медиҳад. Дар ин хусус корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон Наимҷон Қурбонов аз макони баргузории мусобиқот ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби ҷавонони Узбекистон байни ҳам вомехӯрад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон баргузор шуда, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Хотиррасон мешавем,ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 -солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистонро мағлуб кард. Бозӣ 7 июл дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Азизбек Далиев ягона голи бозиро ба нишон расонид. Ҳамчунин 9 июл дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон бо ҳисоби мусовӣ 0:0 бозӣ намуданд.

Инчунин дар бозии финалӣ бошад, дастаҳои мунтахаби ҷавонони Эрон ва Қирғизистон байни ҳам вориди рақобат мешаванд. Ёдовар мешавем, ки дар тамоми бозиҳои чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар Қирғизистон системаи видеодовар-VAR истифода мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 12, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд