Дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти низоми суғурта дар соли равон натиҷагирӣ шуд

Июль 24, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти низоми суғурта дар нимсолаи якуми соли равон дар ҷаласаи ҷамъбастие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдори бонк, ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон баргузор шуд, натиҷагирӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллӣ хабар доданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода изҳор намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми суғурта фаъолият намуда, ислоҳоти соҳаро амалӣ менамояд. Дар ин самт ислоҳоти доманадор идома дошта, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» тағйиру иловаҳои дахлдор аз 1 марти соли 2024 ворид гардиданд ва дар ин замина таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд зимни татбиқи ислоҳоти пешгирифта мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро бартараф карда истодааст. Дар доираи чунин ҳамкорӣ лоиҳаи «Стратегияи рушди бозори суғурта барои солҳои 2024-2027» таҳия гардид, ки он ба рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат равона шуда, дар марҳилаи баррасии ниҳоӣ ва қабул қарор дорад.

Иштирокдорони ҷаласа оид ба «Ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024» бо рӯнамои муфассал сухан намуда, доир ба фарогирии бозори суғуртаи мамлакат, нишондиҳандаҳои асосии соҳа, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбули мақоми назорати суғуртавӣ, мониторинги ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар низоми суғурта ва дурнамои рушди низоми суғурта барои давраи миёнамуҳлат маълумот пешниҳод намуданд.

Роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҳадафҳои ташкилотҳои худ дар нимсолаи оянда дар назди роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ҳисобот манзур намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар интиҳои ҷаласа таъкид намуд, ки ташкилотҳои суғуртавиро зарур аст барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои суғуртавӣ фаъолияти худро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба роҳ монанд. Инчунин дар масъалаҳои таъмини пардохтпазирӣ, устувории молиявӣ, сифати хизматрасонӣ, саҳмгузорӣ ба иқтисоди сабз, ҷорӣ намудани маҳсулотҳои муосири суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва вусъат додани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамзамон бо истифодаи технологияи муосир, насби барномаҳои автоматишуда, суръатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, рақобатнокии маҳсулоти суғуртавӣ, шаффофияти амалиёт ва зиёд кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар рушди соҳа саҳми босазо гузоранд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 24, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1162 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2196 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1158 то 0.1160 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8072 то 10.9300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1170 то 0.1185 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2322 то 9.2600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 10.9000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1200 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1180 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид
100-сомонии ҷашнии Тоҷикистон беҳтарин банкнотаи ҷашнии соли 2025 дониста шуд