Дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии Душанбе гулгашти назаррабо мавриди истифода дода шуд

Июль 23, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт гулгашти зебою назаррабо дар даромадгоҳи дарвозаи ҷанубии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Гулгашт дар масоҳати 1550 метри мураббаъ доман паҳн карда, аз ин шумора 125 м2 майдон сабзазор гардида, дар масоҳати 85 м2 гулҳои зебои ранга шинонида шудааст. Гирду атрофи майдонча бо сангҳои рангаи сиёҳу сафед оро дода шудааст. Дар қисмати дигари гулгашт сангҳои мармари ватанӣ, ки ҳар яке 2 тоннаю 200 кг вазн доранд ва дар болои онҳо навиштаҷоди Душанбе ҷойгир гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин чорумин гулгашт мебошад, ки дар даромадгоҳи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бунёд гардидаанд. Ин иқдом дар доираи ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон заминаи хуб фароҳам менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июль 23, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд