Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд

Июль 17, 2024 14:36

ДУШАНБЕ, 17.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва Гурӯҳи арзёбии сареъ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷаласа бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтаи Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа  зиёда аз 70 нафар роҳбарону намояндаҳои вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, ҳамчунин 15 нафар намояндаи созмонҳои байналмилалӣ тариқи видеоконфронс иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба рафти татбиқи ташаббуси  «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» дар Тоҷикистон, «Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028» ва нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2023-2025, ҳисобот оид ба рафти иҷрои барномаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, иҷрои барномаи иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, дар бораи чорабиниҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар мамлакат баррасӣ шуданд.

Байни аъзо ва иштирокчиёни ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба истифодаи самараноки маблағҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, инчунин оид ба меъёрҳои меъёрии ҳуқуқӣ табодули афкор шуд.

Ёдовар мешавем, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 қабул шуда, соли 2024 ба низомномаи он оид ба васеъ намудани ҳайат ва ваколатҳои он тағйирот ворид карда шуд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳо фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
29 июл дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад