Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл тариқи видеоконфронс ҷаласаи Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода баргузор гардид, ки зимни он масъалаи омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланди SPECA дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар кори ҷаласа муовинони вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои аъзои SPECA, намояндагиҳои доимии давлатҳои иштирокчӣ дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа иҷрои қарорҳои Эъломия SPECA (24 ноябри соли 2023, Боку) ва масъалаи таъсиси Фонди боварии СПЕКА баррасӣ гардиданд.
Аҳлиддин Нуриддинзода иброз намуд, ки таҳкими муносибатҳо дар доираи SPECA аз афзалиятҳои сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инчунин Тоҷикистон роҳбарии Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдоро бар уҳда дорад ва мулоқоти имрӯза имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории кишварҳои узви SPECA, таъсиси Фонди SPECA ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои устувори савдо дар минтақа дар он матраҳ гардиданд.
Инчунин ҳамкории васеътари байниҳукуматӣ дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором таъмин намуда, дар таҳкими назарияи умумии кишварҳои узви SPECA дар арафаи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарикунандаи он, ки моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст, саҳмгузор бошад.
Иброз гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ», содагардонии расмиёти савдо ва фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ як қатор корҳои назаррас амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла консепсия ва барномаи рушди «Иқтисоди рақамӣ», Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» қабул гардида, мавриди татбиқ қарор доранд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои номбаршуда баён намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






