Дар Душанбе истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид

Июль 26, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 26.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи якуми соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 783 корхонаи саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 500 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 123,1 фоизро ташкил намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 3 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 992 ҳазор доллар бештар мебошад.

Ба гуфти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридот-ивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2024 заминаи мусоид фароҳам овард.

Изҳор гардид, ки баҳри тамини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи хушсифат 26,1 гектар гармххонаҳо фаъолият менамоянд, ки аз ин 13,9 гектараш доимоамалкунанда ва 12,1 гектари дигар мавсимӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 584 миллион долларо ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 32,1 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар нишаст таъкид гардид, ки дар моҳи июни соли равон сатҳи таваррум дар сатҳи 1,9 фоиз нигоҳ дошта шуда, содирот 6,7 миллион доллар ва воридот бошад 577,3 миллион долларо ташкил дод.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 26, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид