Дар Душанбе парки техникии Тоҷикистону Туркия таъсис дода мешавад

Июль 9, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Парки техникии Тоҷикистону Туркия таъсис дода мешавад. Дар ин хусус 8 июл зимни вохӯрии Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар  баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои навсозӣ, таъмиру тармим, таҳкими пояи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла бо лавозимоти озмоишгоҳӣ, асбобу анҷом, техникаву технологияи зарурӣ, асбоби аёнӣ, китобҳои дарсиву модулҳои таълимӣ, дастурамалҳои корӣ ва тавсиявӣ баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот Фарҳод Раҳимӣ ба Сафир Умут Аҷар ва ҳамоҳангсози Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсози байналмилалии Туркия (ТИКА) дар Тоҷикистон Иброҳим Унал барои дастгириҳои пайваста миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, дар доираи имкониятҳои ташкилот дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои таъсис додани Парки техникии Тоҷикистону Туркия ҷиҳати бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои амалӣ мусоидат намоянд.

Умут Аҷар ва Иброҳим Унал ҷиҳати таъсис додани Парки техникии Тоҷикистону Туркия иброз намуданд, ки дар ояндаи наздик лоиҳаи он омода гардида, дар мувофиқа бо ҷонибҳо ба нақша гирифта мешавад.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 9, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд