Дар Хоруғ мағозаи фурӯши нуриҳои минералӣ ва дорувориҳои зидди ҳашароти зараррасон кушода шуд

Июль 28, 2024 15:23

ХОРУҒ, 28.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозори «20-солагии Истиқлол»-и шаҳри Хоруғ аввалин мағозаи таҷрибавӣ, ки нуриҳои минералӣ, намудҳои гуногуни доруҳои зидди ҳашарот ва тухмиҳои гуногуни сабзавот  ба фурӯш мегузорад, ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Сардори Раёсати кишоварзии вилоят Гулзорхон Шакаршоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «қаблан хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилоят нуриҳои минералӣ ва доруҳои зидди ҳашароти зараррасонро аз дӯкону мағозаҳои шаҳри Душанбе дастрас мекарданд ва бори нахуст чунин мағозаи махсус ба таври таҷрибавӣ дар шаҳри Хоруғ боз шуд. Дар ин мағоза  намудҳои гуногуни нуриҳои минералӣ, номгӯи зиёди маводи дорувориҳои зидди ҳашароти зараррасон ва либосҳои махсус, асбобу лавозимоти зарурӣ барои деҳқонон ба фурӯш гузошта шудааст. Бо зиёд шудани мизоҷон бахшҳои ин мағоза дар маркази ноҳияҳои дигари вилоят низ кушода хоҳад шуд».

Соҳиби ин мағоза Турсунмоҳ Ақназарова иброз дошт, ки  «вобаста ба талаботи имрӯзаи соҳаи кишоварзӣ дар баробари нуриҳои минералӣ ва дорувориҳои зидди ҳашарот, ҳамчунин ниҳолу тухмиҳои аълосифат ва дигар хизматрасониҳои муосирро барои деҳқнон ба роҳ мондааст. Мағозаи «Деҳқон» бо шароити мусоири хизматаронӣ таъмин гардида, дар оянда тавассути алоқаи онлайнӣ низ дархости мизоҷон иҷро карда мешавад. Мағозаи «Деҳқон» бо   ширкатҳои бонуфузи «Сароб» ва «Нексигал» ҳамкориро ба роҳ андохта, доир ба  маҳсулоти воридгардида, тарзи истифодабарӣ ва дар кадом шароити иқлим кишту парвариши он маълумоти муффассал мегирад ва ин онро бо мизоҷони худ шарик месозад. Ҳамчунин дар машварату омӯзишҳо ин ширкатҳо низ иштирок хоҳанд кард».

Аз суҳбат бо аввалин мизоҷони мағозаи мазкур маълум гардид, ки ҳам нарх ва ҳам сифати маҳсулот табъи дилашон аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд