Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд

Июль 22, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар шаҳри Кӯлоб дар доираи «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» таҳти унвони «Саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия» ҳамоиш баргузор шуд, ки дар он  фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар давоми 6 моҳи соли равон натиҷагирӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки дар давраи сипаришуда шуроҳои ҷамъиятии минтақа фаъолияти худро баҳри пешгирии амалҳои номатлуб ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба милитсия  ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва қишрҳои фаъоли ҷомеа аъзои шуроҳои ҷамъиятиро аз ҳисоби шаҳрвандони гуногункасб интихоб намуданд, то ки дар ислоҳоти милитсияи тоҷик ҳиссагузорӣ намоянд.

Дар ин давра аз ҷониби шуроҳои ҷамъиятӣ, як қатор чорабиниҳои мақсаднок, аз қабили  чорабиниҳои гуногуни маърифативу варзишӣ, ташкили ҳисоботи нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ, паҳн намудани видеолавҳаҳои тарғиботӣ, нашри мақолаҳо дар матбуоти даврӣ ва корбариҳо дар самти иҷрои  «Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» гузаронида шуд.

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ Сафиало Азизулозода таъкид кард, ки иштироки мустақими шаҳрвандони касбу кори гуногун дар ҷараёни ислоҳот хело муҳим буда, бояд шаҳрвандон имконияти осони пешниҳод намудани таклифу дархост ва фикру андешаро дошта бошанд. Зеро чунин имконият барои боз ҳам такмил ёфтани сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, хубу самаранок гардидани самтҳои фаъолияти хизматӣ мусоидат менамояд.


Зимни пешниҳоди гузориши роҳбарони шуроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Данғара, Ховалинг, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин, Муминобод ва дигар шахсони масъул пешниҳод гардид, ки фаъолият дар самти анҷом додани корҳои профилактикӣ ва ҳисоботи давравии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ мунтазам ба роҳ монда шавад, то ин ки шаҳрвандон вобаста ба вазъи криминогении минтақаи истиқоматиашон маълумот гирифта, дар бартарафсозии он иштирок намоянд.

Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани  соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ иброз намуд, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар заминаи иқдоми Президенти мамлакат тасмим гирифта буд, ки Низомномаи шуроҳои ҷамъиятиро  дар таҳрири нав таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Низомномаи мазкур 13 феврали соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Имрӯз масъулини ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри таъмини иҷрои қарор мазкур чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 22, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид