Дар Панҷакент дар масоҳати як гектар гармхонаи замонавӣ бунёд мегардад

Июль 23, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов дар масоҳати як гектар гармхонаи замонавӣ бунёд мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни шиносоӣ бо рафти бунёди гармхона ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, идомаи чунин корҳоро барои таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар Панҷакент ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 44 гармхонаи доимиамалкунанда бо масоҳати 14 ҳазор метри мураббаъ парвариши лимӯ, помидор, бодиринг, кабудӣ ва гул ба роҳ монда шуда, давоми нимсолаи аввали соли равон боз 1 гармхона бо масоҳати 0.7 гектар ва бо дастгирии шарикони рушд 20 гармхонаи хурди оилавӣ сохта ба истифода дода шуд.

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакет

 

Июль 23, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд